«ВОЛОНТЁРӢ-ШАРАФ АСТ!». Дар Кумитаи кор бо ҷавонон бахшида ба Рӯзи волантёрон ҳамоиш доир гардид

Декабрь 5, 2022 16:59

ДУШАНБЕ, 05.12.2022. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон бо иштироки беш аз 250 нафар волонтёрон-аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд дар Кумитаи мазкур.

Зикр шуд, ки ҳадафи асосии фаъолияти волонтёрӣ иҷрои корҳои хайриявӣ, бардошти таҷрибаи иҷтимоӣ барои шаҳрвандон, тавсеаи рушди шахсият, омўхтани таҷрибаи кор аз рўи ихтисоси интихобнамуда ва имкони шинохти худ дар ҷомеа мебошад.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» — Абдулло Раҳмонзода, Раиси Федератсияи Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва роҳбари Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси Кумита Абдулло Раҳмонзода ҳамаи иштирокчиёни ҳамоишро бо Рӯзи байналмилалии волонтёрон табрик намуда, саҳми онҳоро дар амалӣ намудани иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ, расонидани ёрии ҷамъиятӣ, анҷом додани корҳои хайриявию ризокорӣ ва иштироки фаъолона дар барномаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуд.

«Имрӯз мафҳуми волонтёрӣ ва муҳим будани хизмати онҳо дар ҷомеа аллакай дарк гардидааст. Ҳамарӯза ҷавонони зиёд ҳам дар пойтахти мамлакат ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат мекунанд ва хоҳиш  доранд, ки дар ин мактаб тарбия ёфта, ба камол расанд, вақту дониш ва имконияти  худро  ба фоидаи ҷомеа сарф намоянд»,-гуфт Раиси Кумита.

Ҳамзамон аз номи кулли иштирокчиёни ҳамоиш муроҷиатнома қабул гардид.

Дар охири ҳамоиш барои саҳми арзанда гузоштан дар фаъолияти ризокорӣ волонтёрон бо Сипоснома ва туҳфаҳои Кумита бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2022 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид