Заминҳои бекорхобидаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъа ба кор андохта шуданд

Декабрь 2, 2022 09:22

ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо зиёда аз 30 гектар ришқазор дар ноҳияи Рӯшон ва 2 гектар дар ноҳияи Роштқалъа шудгор гардида, дар мавсими кишту кори баҳории соли 2023 дар ин заминҳо кишти сабзавоту картошка ба нақша гирифта шудааст.

Кишоварзони ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эътимод доранд, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз заминҳои шудгоршуда ҳосили баланди сабзавот рӯёнида мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самараноку оқилона истифода бурдани ҳар ваҷаб замин, гузаронидани кишти такрорӣ дар доираи имконият, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва рӯёнидани ҳосили баланди зироат дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа заминҳои бекорхобида ба кор андохта мешаванд.

Бо супориши Раиси вилоят Алишер Мирзонабот гурӯҳи кории комплекси агросаноатии вилоят таҳти роҳбарии муовини Раиси вилоят Умедҷон Носирзода таъсис дода шуда, ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни киштгардон кардани заминҳои солҳои зиёд зери ришқамонда ба ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа ва Шуғнону Ишкошим сафарбар гардид. Тибқи хулосаи гурӯҳи корӣ, заминҳои таъйиноти кишоварзӣ барои гузаронидани шудгори тирамоҳӣ дар ноҳияҳои Рӯшон зиёда аз 40 гектар, Шуғнон- 20 га, Роштқалъа- 2 ва дар Ишкошим 5 гектарро ташкил медиҳанд.

Барои шудгор кардани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» техникаю олоти шудгоркунанда ва аз ҷониби Раиси ВМКБ 1 тонна сӯзишвории дизелӣ кумак расонида шуд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, дар замони истиқлолият маданияти истифода бурдани замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки ин барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд.

«Ин нишондиҳанда аз саҳми бузурги кишоварзони мамлакат дар раванди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, махсусан дар шароити ду соли охир пайиҳам омадани хушксоливу камобӣ гувоҳӣ медиҳад. Маҳз ба шарофати заҳмати онҳо фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин гардид ва мардуми мо аз ҷиҳати таъминот бо маводи озуқа танқисӣ накашиданд. Бинобар ин, ба ҳамаи кишоварзони мамлакат барои заҳмати софдилонаашон сипосу миннатдорӣ баён менамоям»,­­- иброз намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ тариқи додани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ баҳри рушди соҳа ба он мусоидат намуд, ки рӯз аз рӯз дар миқёси ҷумҳурӣ ташкили корхонаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ ба назар мерасад.

Истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ҳамчун омили муҳими таъмини амнияти озуқавории мамлакат манбаи асосии таъмин кардани корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва самти афзалиятноки афзоиш додани иқтидори содиротии мамлакат буда, муҳимтар аз ҳама, заминаи аввалиндараҷаи ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ мебошад.

АКС: Рӯзномаи «Бадахшон

Декабрь 2, 2022 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласа доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» иштирок намуд
Ҷаласаи миллӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд баргузор шуд
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад
Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид