59 нафар зинаи магистратураи Академияи идоракунии давлатиро хатм намуданд

Январь 17, 2023 10:25

ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 59 нафар хатмкунандагони зинаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби диплом гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академия.

13 январ дар Академияи идоракунии давлатӣ маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатӣ дар соли 2022 баргузор шуд.

Дар маросими тақдими дипломҳо мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, Роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ, доктор Макс Георг Майер, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода, муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мартин Ленгер иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, имрӯз қисми зиёди хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба садоқати насли ҷавон ва қудрату тавоноии ин қишри ҷомеа эътимоди қавӣ доранд.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олӣ ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун машғуланд. Миёни онҳо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи олист, ки ба омода кардани кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ машғул аст.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 17, 2023 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид