Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳои коронавирусро барои ҳаҷ лағв кард
ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳои ҳаҷро, ки ба далели пандемия ҷорӣ карда шуда буданд, лағв кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории Anadolu.
«Теъдоди зоирони ҳаҷ ба сатҳи қабл аз пандемия бармегардад, ҳеҷ гуна маҳдудияти синну солӣ вуҷуд надорад», — иттилоъ дод Вазири кор бо ҳаҷ ва умраи Шоҳигарӣ Тавфиқ Ал-Рабиа.
Ба гуфтаи вазир, акнун ҳаҷ-миссияҳо аз тамоми ҷаҳон метавонанд боз бо ҳама гуна ширкати ваколатдор оид ба хизматрасонӣ дар Арабистони Саудӣ шартнома банданд.
Бояд гуфт, ки мақомоти Арабистони Саудӣ тайи се соли охир ба далели паҳншавии бемории COVID-19 теъдоди зоиронро ба ҳаҷ маҳдуд карда буданд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: aa.com.tr








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






