БА БИНОҲО НАЗДИК НАШАВЕД! КҲФ ва МГ аз сокинон даъват ба амал овард, ки чораҳои бехатариро риоя намоянд

Январь 13, 2023 12:27

ДУШАНБЕ, 14.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон зарфи ду-се шабонарӯзи гузашта барфи зиёд борид ва он метавонад натанҳо барои мошинҳову ронандагон ва мусофирони онҳо, балки барои сокинон низ мушкилиҳо пеш орад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Наҷотдиҳандагон зикр карданд, ки барфе, ки болои бомҳо мехобад, басо вазнин аст ва агар ин барф тар бошад, пас вазни он бештар мешавад ва он метавонад  ба боми бино фишор оварда боиси  харобӣ шавад.

Ҳамзамон  КҲФ ва МГ аз яхҳои лаби бомҳо ҳушдор медиҳад, ки  онҳо баъзан хатари зиёд барои одамон ва мошинҳо доранд.

Барои он ки сокинон осеб ё ягон ҷароҳат набардоранд  бояд эҳтиёткор бошанд ва чанд тавсияро ҷиддан барои таъмини амнияти худ риоя намоянд:

— зери яхҳои овезон истодан лозим нест, бахусус ба кӯдакон диққат додан даркор аст;

— то имкон ҳаст, болои  иншоотҳоро аз яхҳои овезон тоза кардан даркор;

— Дар кӯча гушӣ (наушник) гузаштан лозим нест

— Мошинҳоро дар зери яхҳои овезон ҳам нагузоранд.

— Хеле бояд эҳтиёткор буд ва то ҳадди имкон кӯшиш кард, ки ба деворҳои биноҳо наздик нашавед.


КҲФ ва МГ  ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳои сард аз сайёҳат ва сафар дар масири кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Агентии обу ҳавошиносӣ низ  хабар медиҳад, ки ҳавои сард дар ҷумҳурӣ то 16 январ идома ёфта, дар шоҳроҳҳои кӯҳӣ яхбандӣ боқӣ мемонад ва дар ноҳияҳои  куҳӣ фаромадани тарма дар назар аст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: КҲФ ва МГ

Январь 13, 2023 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон