БА БИНОҲО НАЗДИК НАШАВЕД! КҲФ ва МГ аз сокинон даъват ба амал овард, ки чораҳои бехатариро риоя намоянд
ДУШАНБЕ, 14.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон зарфи ду-се шабонарӯзи гузашта барфи зиёд борид ва он метавонад натанҳо барои мошинҳову ронандагон ва мусофирони онҳо, балки барои сокинон низ мушкилиҳо пеш орад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Наҷотдиҳандагон зикр карданд, ки барфе, ки болои бомҳо мехобад, басо вазнин аст ва агар ин барф тар бошад, пас вазни он бештар мешавад ва он метавонад ба боми бино фишор оварда боиси харобӣ шавад.
Ҳамзамон КҲФ ва МГ аз яхҳои лаби бомҳо ҳушдор медиҳад, ки онҳо баъзан хатари зиёд барои одамон ва мошинҳо доранд.
Барои он ки сокинон осеб ё ягон ҷароҳат набардоранд бояд эҳтиёткор бошанд ва чанд тавсияро ҷиддан барои таъмини амнияти худ риоя намоянд:
— зери яхҳои овезон истодан лозим нест, бахусус ба кӯдакон диққат додан даркор аст;
— то имкон ҳаст, болои иншоотҳоро аз яхҳои овезон тоза кардан даркор;
— Дар кӯча гушӣ (наушник) гузаштан лозим нест
— Мошинҳоро дар зери яхҳои овезон ҳам нагузоранд.
— Хеле бояд эҳтиёткор буд ва то ҳадди имкон кӯшиш кард, ки ба деворҳои биноҳо наздик нашавед.

КҲФ ва МГ ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳои сард аз сайёҳат ва сафар дар масири кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Агентии обу ҳавошиносӣ низ хабар медиҳад, ки ҳавои сард дар ҷумҳурӣ то 16 январ идома ёфта, дар шоҳроҳҳои кӯҳӣ яхбандӣ боқӣ мемонад ва дар ноҳияҳои куҳӣ фаромадани тарма дар назар аст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: КҲФ ва МГ








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






