БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти давлатии Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
17 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача бо лоиҳаи майдони Парчами давлатӣ шинос гардид.
Майдони парчам бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шуда, масоҳати майдон 0,25 га мебошад. Дар майдон гулгашту фаввораҳо ва нишастгоҳҳо сохта шуда, ҳудуди майдон сабзазор карда мешавад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини бахши сохтмон барои такмили лоиҳаи иншоот ва оғози корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дод.
Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои сохтмонии бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 -ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Бинои иловагӣ аз 2 ошёна иборат буда, дорои 16 синфхона аст ва барои 450 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин барои бунёди иншооти ёрирасон ва истифодаи самараноки заминҳои назди мактаб супоришҳо дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






