БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Роҳи деҳаи Пайканди шаҳри Турсунзода мумфарш гардид

Январь 3, 2023 09:01

ТУРСУНЗОДА, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ватандӯсту ободгари деҳаи Пайканди Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода бо азми қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ роҳи байнидеҳавиашонро дар масофаи 1 километр асфалтпӯш намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Мумфарш намудани роҳи мазкур бо  ибтикори раиси деҳаи Пайканд Имомалӣ Ҳамроев ва сарпарастии ҷавонону соҳибкорони бонангу номуси деҳа ва  дастгирии Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода амалӣ гардид.

Барои анҷоми ин кори нек аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр техникаҳои Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода сафарбар гардиданд ва корҳо бо сифати баланд анҷом дода шуданд.

Дар мумфаршкунии роҳҳои шаҳри Турсунзода саҳми кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр калон аст. Сармуҳандиси ин муассиса  Амиралӣ Носиров гуфт, ки “ба мумфарш намудани роҳи маҳаллии деҳаи Пайканд 5 техника сафарбар гардид ва як километр роҳ бо сифати хуб мумфарш карда шуд.  Ҳамчунин соли 2022 аз  тарафи кормандони ин муассиса  170 километр роҳҳои шаҳри Турсунзода таъмири ҷорӣ ва 23 километр асфалтпӯш карда шуданд”.

Январь 3, 2023 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд