«ЧИСТ НОМАТ? ТОҶИКИСТОН!». «Девони ғазал»-и Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба нашр расид

Январь 9, 2023 16:38

ДУШАНБЕ, 09.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд «Девони ғазал»-и Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло аз чоп баромад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, «Девони ғазал»-и шоир бо дастгирии бевоситаи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси вилоти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таҳти назари Раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон дар вилояти Суғд Аҳмадҷон Раҳматзод ба табъ расидааст.

Китоби мазкур бо сифати баланд дар 360 саҳифаи мунаққаш ва ҷилди муҷаллову зебо интишор ёфта, аксари ғазалҳои то анҷоми соли 2022 навиштаи шоирро фаро гирифтааст.

Пешгуфтори Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ таҳти унвони «Дастовези ҷон» ба девон мазмуну ҳусни хосса бахшидааст.

Ба хонандагони арҷманди адабиёти муосир маълуму мусаллам аст, ки дар аксари шеъру манзумаҳо ва аз ҷумла ғазалиёти шоири ватандӯсту ватансаро Камол Насрулло дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, рӯҳияи худшиносиву Ваҳдати миллӣ ва сулҳу амнияти кишвар мавқеи хосса дошта, онҳо саршори муҳаббати Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мебошанд.

Таровати бардошту дақиқии баён, ифтихори ватандориву масъулияти суханварӣ ва мавқеи устувори инсонӣ риштаҳое зарринеанд, ки ба тори эҳсоси хонандагони соҳибзавқ гиреҳ хоҳанд хӯрд. Сухани шоири соҳибзавқ дар мавзӯъҳои куҳан тозагиву таровати хосса дошта, бо дақиқии баён, ҳадафҳои шоиста ва эҳсосоти баланди шоирона олами андешаҳои ӯро намои тоза бахшидааст.

Яке аз падидаҳои дурахшон дар девони мазкур садоқат ба миллату Ватан ва муҳаббату ифтихори баланди ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ намунаҳое аз чунин ашъорро аз китоби мазкур пешкаши хонандагон мегардонем:

ЧИСТ  НОМАТ?  ТОҶИКИСТОН!

Эй, ки мепурсӣ ту аз ман: Чист номат? – Тоҷикистон!
Аз ҳама волотарин ҳарфи каломат – Тоҷикистон!

Чист сўзат, чист созат, чист ишқат? – Тоҷикистон!
Чист дар чашми сурурафшон сиришкат? – Тоҷикистон!

Чист он унвони шоёну баландат? – Тоҷикистон!
Мансаби аз ҷумла мансаб арҷмандат? – Тоҷикистон!

Чист армони баланди рўзгорат? – Тоҷикистон!
Кист дар олам ягона ғамгусорат? – Тоҷикистон!

Обу нонат, обу нонат? – Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Дилбари ҷонони ҷонат? – Тоҷикистон! Тоҷикистон!

Вожаи ширинтарин андар забонат? – Тоҷикистон!
Давлати пояндаву ганҷи ниҳонат? – Тоҷикистон!

Охирин як коси оби ҳаётат? – Тоҷикистон!
Рўзи маргат, рўзи навмедӣ наҷотат? – Тоҷикистон!

Он, ки бо ў баъди маргат зинда монӣ? – Тоҷикистон!
Дар каронаш мерасӣ бар бекаронӣ? – Тоҷикистон!

Қиблае, ки мекунӣ сўяш ибодат? – Тоҷикистон!
Дар забонат охирин ҳарфи шаҳодат? – Тоҷикистон!

ВАТАНИ  ЗАРНИСОР

Бедор шав, дило, ки Ватан зарнисор шуд,
Дар чор фасл дил ватани навбаҳор шуд.

Он ҷо, ки ишқ тоҷи сару адл довар аст,
Он ҷо, ки халқ ҳомии номусу ор шуд.

Наврӯз пайки ишқ ба халқи ҷаҳон расонд,
Он ҷо, ки Меҳргони Ватан меҳрбор шуд.

Фархунда бод Ваҳдати миллат, ки миллате,
Охир ба ҳам расидаву хешу табор шуд.

Юсуф баромад аз ҷаҳи зиллат ба амри Ҳақ,
Рустам ба Рахши хештан аз нав савор шуд.

Рӯзе, ки дар Хуҷанд, ба рӯи кафи Худо,
Кохи шукӯҳи миллати мо пойдор шуд.

Фархунда Пешво, ки чу рамзи Ватан бихест,
Файзу сахо зи қомати некаш нисор шуд.

Уммеди нав расид ба мулки хуҷастагон,
Хоки куҳан зи нав Ватани эътибор шуд.

Вақте ки дасти меҳр расиду умеди хайр,
Дидӣ чӣ гуна он яки Меҳан ҳазор шуд.

Эҳёи нав муборакат, эй хоки файзбор,
Хуршед тоҷи тоҷики ҳимматгузор шуд.

ВАТАН  ДАР  ҶОН

Ватан – ҷоне, ки дар ҷони ману туст,
Ватан – ноне, ки дар хони ману туст.

Ватан ойинаи оби зулол аст,
Ватан покии виҷдони ману туст.

Ватан як пораи нури илоҳист,
Шабафрўзи шабистони ману туст.

Ватан ишқ аст, ишқи ёри ҷонист,
Ватан ҷонона ҷонони ману туст.

Ватан пайваста пайки родмардист,
Ба по истода паймони ману туст.

Ватан он моми пир, он тифли маъсум,
Ватан дар рўи дастони ману туст.

Дили ў дар дили мо мезанад дил,
Ватан дар хуни шарёни ману туст.

Ватан гуфтан кам аст, эй ҷон, Ватан бош!
Ватан дар шонаву шони ману туст…

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 9, 2023 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад