Дабири кулл Чжан Мин: Созмони ҳамкории Шанхай харитаи роҳро оид ба афзоиши ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ омода менамояд

Январь 6, 2023 10:45

ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Чжан Мин дар мусоҳиба бо «РИА Новости» гуфт, ки гурӯҳи махсуси коршиносон аз ҳисоби намояндагони бонкҳои марказии кишварҳои узви Созмон дар самти татбиқи харитаи роҳ оид ба афзоиши ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ корбарӣ дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дабири кулл таъкид кард, ки омили муҳими роҳандозии ҳамкории муассири тиҷоративу иқтисодии давлатҳои СҲШ «тавсеаи пайвастаи таҷрибаи истифодаи асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила аз ҷониби кишварҳои узв мебошад».

Мин тазаккур дод, ки ҳоло татбиқи амалии Харитаи роҳ оид ба тадриҷан афзоиш додани саҳми асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобилаи кишварҳои узви СҲШ, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Самарқанд қабул гардид, идома дорад. Ӯ илова намуд, ки дар айни ҳол харитаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи коршиносон, ки аз ҳисоби намояндагони бонкҳои марказии кишварҳои узв махсус таъсис дода шудааст ва мунтазам ҷаласаҳо баргузор мекунад, таҳия гардида истодааст.

«Масъалаҳои густариши истифодаи асъори миллӣ ҳамчунин дар доираи Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ — сохтори ҷамъиятие, ки бо мақсади ташкили механизми маблағгузорӣ ва хизматрасонии бонкии лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъсис ёфта, аз ҷониби ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмон дастгирӣ меёбад, пеш бурда мешаванд», — ишора кард ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, «имрӯз тавсеаи истифодаи асъори миллӣ дар амалиёти молияи тиҷоратӣ, фаъолнокии корҳо дар самти ташаккули низоми пардохтҳои фаромарзӣ бо асъори миллӣ ва табодули иттилооти дахлдори молиявӣ муҳим дониста мешавад».

«Албатта, таҳияи механизмҳои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории барои ҳама ҷонибҳо қобили қабул ва таъсиси Бонки рушд ва Ҳисоби махсуси СҲШ ба мукаммал намудани ҳамёрии амалӣ бо мундариҷаи нав мусоидат хоҳад кард», — гуфт Чжан Мин.

Гардиши озоди мол ва сармоя

Дабири кулл таъкид кард, ки дурнамои дарозмуддати ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар чаҳорчӯби СҲШ ба зарурати гузариши тадриҷан ба гардиши озоди молу сармоя, хадамот ва технология иртибот дорад.

Мин илова намуд, ки мувофиқтарин ва кӯтоҳтарин масирҳои ҳамлу нақл, содагардонию рақамикунонии ҳуҷҷатгузорӣ ва расмиёти беҳбуди инфрасохтори нақлиётӣ дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тиҷорат нақши муҳим доранд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло кори механизмҳои мухталифи соҳавии ҳамкорӣ моҳиятан ба фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ин нигаронида шудааст.

Ҳамкории энергетикии кишварҳои узви СҲШ

Дабири кулл бар он аст, ки рушди ҳамкории муассир дар соҳаи энергетика дар чаҳорчӯби СҲШ дар пасманзари чолишҳои ҷиддии амнияти энергетикӣ дар шароити COVID-19 ва низоъҳои геополитикӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, эҷоди механизмҳои ҳамкорӣ ва такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ барои ҳамкории минтақавии энергетикӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ба муколамаҳои мунтазам ва вокуниши муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар ин самт такони нав бахшиданд ва инчунин ба амнияту суботи бозори байналмилалии энергетикӣ кафолат ва эътимодро таъмин намуданд.

«Минбаъд моро мебояд барои ноил шудан ба татбиқи тавофуқҳои ҳосилшуда ва таъмини рушди устувори энергетикӣ якҷоя талош варзида, тавре кунем, ки кишварҳои истеҳсолкунанда ва таъминкунандагони захираҳои энергетикии мо, инчунин минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳамкории мо баҳра баранд», — афзуд Дабири кулли Созмон.

Таҳкими равобит миёни СҲШ ва АСЕАН

Мин ба зарурати таҳкими равобит миёни СҲШ ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) дар пасманзари бархӯрд дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ишора кард.

«Моҳи ноябри соли гузашта ман дар силсиланишастҳои АСЕАН ширкат доштам. СҲШ ва АСЕАН ҳамсояанд, дорои анъанаҳо ва арзишҳои фарҳангии якхела ва ё ҳамшабеҳ мебошанд», — шарҳ дод Мин.

Номбурда тазаккур дод, ки ҳарду созмон дорои манфиатҳои муштарак ва имконияти бузурги ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои нав, вокуниш ба тағйирёбии иқлим, инчунин дар соҳаи сармоягузорӣ, тиҷорат, илму техника ва истифодаи захираҳои табиӣ мебошанд.

«Дар айни ҳол нафароне ҳастанд, ки дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ба бархӯрди иттиҳодӣ ва халалдор сохтани равобит машғуланд, дар ин замина таҳкими ҳамкории СҲШ ва АСЕАН боз ҳам саривақтӣ ва зарурӣ ба шумор меравад», — гуфт ӯ.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 6, 2023 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон беш аз 100 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ СТАНДАРТҲО. Дар Тоҷикистон беш аз 21 ҳазор стандарти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавҷуд аст
Дар доираи Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест-2024» Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасад
Дар Бадахшон 72 иншооти соҳаи тандурустӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозӣ мегардад
Соли оянда Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт пурра ба истифода дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ барои сари вақт пардохт намудани маошу нафақа ва ҳалли дигар масъалаҳои мубрами аҳолии ВМКБ маблағгузорӣ карда шудааст»
НАХУСТИН МАРОТИБА ДАР ОСИËИ МАРКАЗӢ. Дар Бадахшон моҳии сурх парвариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи муқовимат бо коррупсия ҳамоиш доир гардид
ҲАФТАИ СОҲИБКОРӢ. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон маҷлиси тантанавӣ ва Форуми «STARTUPSTAN-2024» баргузор шуд
Дар Бадахшон дар 10 325 гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон беш аз 1 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шуданд
Маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 829,3 миллион сомониро ташкил дод