Дабири кулли нави Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муаррифӣ гардид

Январь 11, 2023 10:40

ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли нави Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Имангали Тасмагамбетов дар ҷаласаи Шӯрои доимии ин созмон муаррифӣ карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти сафорати Беларус дар Москва хабар медиҳад.

«Котиби давлатии Шӯрои амнияти Беларус Александр Волфович дар ҷаласаи Шӯрои доимии СААД дабири кулли нави созмон, намояндаи Қазоқистон Имангали Тасмагамбетовро муаррифӣ кард», — иттилоъ дод намояндаи сафорати Беларус.

Волфович ҳамчунин гуфт, ки дабири кулли нав тасмим гирифтааст дар ояндаи наздик ба Минск сафари расмӣ анҷом диҳад.

Ёдовар мешавем, ки Тасмагамбетов аз 1 январи соли 2023 ба мақоми дабири кулли созмон таъйин шуда буд. Дар ин мақом ӯ 3 сол фаъолият хоҳад кард.

Тасмагамбетов дар солҳои гуногун ба ҳайси вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, сарвазири Қазоқистон, ҳокими вилояти Атирау, Остона ва Алмаато кор кардааст. Аз соли 2017 то соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Федератсияи Россия буд. Моҳи декабри соли 2019 бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи сафири Қазоқистон дар Россия озод карда шуд. Моҳи майи соли 2022 ӯ президенти Федератсияи голфи Қазоқистон гардид.

Бояд гуфт,ки ба СААД Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия шомил мебошанд.

АКС: коллаж аз golos-naroda.kz

Январь 11, 2023 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид