Дар Бадахшон камбуди об сабаби норасоии неруи барқ ва монеи фаъолияти корхонаи ордбарорӣ гардид

Январь 18, 2023 09:07

ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Якбора сард шудани ҳаво ва зиёд шудани яхпораҳо дар дарёи Ғунд ба фаъолияти муътадили Неругоҳи барқи обии «Помир-1» монеа эҷод намудааст. Дар айни ҳол норасоии неруи барқ дар неругоҳҳои «Помир-1» ва «Хоруғ» дар маҷмӯъ 8 мегаваттро ташкил медиҳад,  аммо талаботи аҳолӣ ба неруи барқ 50 ҳазор киловатт-соат аст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, сардорони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавкулода ва мудофиаи гражданӣ, шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят ва масъулини ширкати барқии «Помирэнерҷи» боздиди кориро аз иншооти зидди яхсел дар деҳаи Деҳмиёнаи ноҳияи Шуғнон оғоз намуданд.

Ба гуфтаи мутахассисони «Помирэнерҷи», сардии ҳаво дар иншооти зидди яхсел ба беш аз 26 дараҷаи зери сифр баробар шудааст. Дар баъзе мавридҳо дарё аз маҷрои муқаррарии худ берун баромада, талафоти об дар як сония то 3 метри кубиро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят ба масъулини ширкат дастур дод, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз раванди баландшавии сатҳи об ва тағйир додани маҷрои он дар ҳамшафати бо шоҳроҳи иртиботии байналмилалии Хоруғ-Мурғоб -Қулма дар мавзеи Деҳмиёна тадбирҳои пешгирикунанда андешанд.

Баъд аз боздид аз иншооти зидди яхсел гурӯҳи корӣ аз ҳавзи танзими шабонарӯзии НБО – и «Помир-1» дидан намуд. Масъулини ширкат вазифадор гардиданд, ки аз ҳисоби кормандон сафи навбатдорони шабонарӯзиро зиёд намуда, танзими обро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Таҳти роҳбарии Раиси вилоят гурӯҳи корӣ бо ҷараёни кор дар Корхонаи фаръии ордбарории ноҳияи Шуғнон шинос шуд.

Алишер Мирзонабот ҷиҳати бетанаффус фаъолият намудани ин корхона масъулини ширкати барқии «Помирэнерҷи»-ро муваззаф намуд, ки дар зудтарин фурсат барои муътадил нигоҳ доштани истеҳсоли орд дар корхона онро бо неруи барқ таъмин намоянд.

Дар пайи боздиди корӣ фаъолияти НБО-и «Хоруғ» аз назар гузаронда шуд. Муайян гардид, ки воситаҳои техникии неругоҳ пурра таъмиру навсозӣ гардида, камбуди об боис шудааст, ки ин неругоҳ ба андозаи 2 мегаватт неруи барқро кам истеҳсол кунад.

Тазаккур дода шуд, ки ҳоло аз ҳисоби системаи ҷумҳуриявӣ ба вилоят ба андозаи 6 мегаватт неруи барқ ворид гардидааст, ки бо он корхонаву муассисаҳо ва аҳолии ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз то водии Язгулом таъмин карда мешаванд.

Мутахассисони ширкати барқии «Помирэнерҷи» бар ин назаранд, ки бо муътадил шудани вазъи ҳаво реҷаи таъмини аҳолӣ бо неруи барқ бартараф мегардад.

Акс: МИҲД ВМКБ

Январь 18, 2023 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад