Дар натиҷаи сангрезӣ дар Рӯшон се манзили истиқоматии сокинон хароб гардидааст

Январь 24, 2023 15:17

ДУШАНБЕ, 24.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бориши шадид дар манотиқи кӯҳистони мамлакат хатари фаромадани тарма ва сангрезиро бештар кардааст. Аз ҷумла, 23 январ, соати 08:20 ба вақти маҳаллӣ, дар деҳаи Висиви Ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ сангрезӣ ба амал омад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бар асари ин офати табиӣ се манзили истиқоматии сокинони деҳа осеб дида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳаҷми зарарро Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулода муайян мекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамчунин хабар медиҳад, ки 23 январ бар асари вазъи бади ҳавои рӯзҳои охир дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳодисаи нохуш рух додааст.

Бино ба иттилои Кумита, шоми 23 январ, тақрибан соати 18:20, марди 36-солаи сокини деҳаи Бидизи Болои ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъа ҳангоми ҳезумчинӣ дар пайроҳаи яхбастаи кӯҳӣ лағжида, афтидааст ва сараш ба ях бархӯрдааст. Ин сокини Бидизи боло бар асари ҷароҳати бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар робита ба сатҳи баланди эҳтимоли сангрезӣ ва селфароӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо, инчунин ҷамъ кардани хезум, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 24, 2023 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид