ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Рушди саноат густариши муносибатҳои байналмилалии иқтисодиро фароҳам меорад

Январь 8, 2023 09:47

ДУШАНБЕ, 08.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Рушди саноат ва муваффақ шудан ба қонеъгардонии талаботи бозори ҷаҳонӣ симои мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ ба таври мусбат инъикос намуда, ҳар давлат бо моли истеҳсолкардааш муаррифӣ карда мешавад. Соҳаи саноат на фақат ҳамчун сарчашмаи даромад хизмат менамояд, инчунин имкониятро барои таҳкими ҷанбаҳои дигари ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла, ташкили ҷойҳои кории нав, устувории иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ фароҳам меорад. Чунин ибрози назар намуд сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназари КАРИМИЁН.

— Дар ҳама паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи, — гуфт ӯ. — саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар паёми худ бо пешниҳод ва ироаи андешаҳои мушаххас баромад намуда, нишондиҳандаҳои мавҷуда ва дурнамои соҳаи саноатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд ва зарурати рушди саноатро барои ояндаи кишвар шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Доир ба масъалаи мазкур дар Паёми қаблӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022–2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ 23 декабри соли равон иброз  намуданд, ки тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.

Саноати Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи эҳё ва рушд қарор дошта, бунёди корхонаҳои саноатӣ дар тӯли солҳо афзоиш ёфта истодааст. Тавре Пешвои миллат дар Паём таъкид доштанд, «дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кори нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист заминаҳои зарурии саноатикунонии босуръати кишварро муҳайё созад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр намуданд, ки агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият дошт, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи кор фаъолият карда истодаанд.

Дар ин замина ҷиҳати рушди саноат маҳз ҳадафҳои гузошташуда шароит фароҳам оварданд,  то коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва ҷойҳои кории нав бунёд гарданд. «Дар ояндаи наздик рушди саноат имкон фароҳам меорад, ки иқтисодиёти мамлакат рушд намуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад ва ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ асос гузорад. Мавриди зикр аст, ки рушди иқтисоди миллӣ дар солҳои 2000–2022 асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 7 маротиба зиёд гардидааст. Бо мақсади рушди минбаъдаи саноат ҳамасола даҳҳо коргоҳу корхонаҳои нав мавриди истифода қарор дода мешаванд»,-изҳор медорад мавсуф.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр намуданд, «танҳо соли 2022 беш аз 500 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд».

Пешниҳоди Президенти кишвар дар бобати дар шаҳри Душанбе аз оғози соли 2023 марҳала ба марҳала сохта, ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани филизоти гаронбаҳо зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки ин нишондиҳандаҳо, бо дарназардошти захираву имконияти кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, зарфияти истеҳсолӣ, захираҳои корӣ, «неруи сабз» ва талаботи афзоянда ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузорон супориш доданд, ки ба кори таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда вусъат бахшанд.

Дар маҷмӯъ, Паёми навбатии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми ватандӯстона, даъват ба ташаббускорию созандагӣ, доштани ҳисси миллӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Январь 8, 2023 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории гумрукиро тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон марҳилаи рамзгузории электронӣ ба воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ оғоз мегардад
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд
Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад