Дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбӣ масъалаи рушди илми низомӣ баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 29.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбӣ дар асоси нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки рушди илми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конфронс дар мавзӯъҳои «Нақши илми ҳарбӣ дар ташаккули давлатдории Тоҷикистони соҳибихтиёр ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба таҳдидҳо ва чолишҳои ҳарбӣ-сиёсии замони муосир», «Ташаккули илми ҳарбӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат», «Аҳамияти илми ҳарбӣ дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон» ва дигар мавзӯъҳои марбут ба кори конфронс маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод карда шуданд.
Иброз карда шуд, ки масъалаи илму маориф ва таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ дар мамлакат мавриди таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Зеро бунёди миллат аз илму маориф оғоз меёбад ва ғамхориву таваҷҷуҳ нисбат ба ин қишри ҷомеа, инчунин сармоягузорӣ ба рушди неруи инсонӣ далели ояндаи ободу озод мебошад.
Таъкид гардид, ки конфронси мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешбурди фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, мақсад аз он, пеш аз ҳама, омӯзиш ва баррасии таҳқиқи назариявӣ ва амалии самтҳои афзалиятноки рушди илми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва роҳҳои такмили он дар раванди омодагии ҳарбӣ-сиёсии ҷавонон мебошад.
Дар ҳамоиш афсарони масъул аз раёсатҳои дахлдори Вазорати мудофиа, раёсатҳои навъи қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, намояндагони сохторҳои ҳарбиву қудратӣ, олимону муҳаққиқон аз мактабҳои олии низомии мамлакат ва дигар ниҳодҳои давлатӣ иштирок намуданд.
АКС: Вазорати мудофиаи Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






