Дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон озмун баргузор карда мешавад

Январь 24, 2023 10:39

ДУШАНБЕ, 24.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон Озмуни ҷумҳуриявии «Нақши Пешвои миллат дар таъсис ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба 30 – солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда, дар он иштирокчиён метавонанд мақолаи беҳтаринро доир ба мавзӯи болозикр пешниҳод намоянд.

Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби Кумита туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

Муҳлати қабули мақолаҳо то 18 феврали соли 2023, соати 17:00 муқаррар гардидааст.

Барои иштирок дар озмун ва дастрас намудани маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3 муроҷиат намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо вуҷуди имконияти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ тадбирҳои судманд андешиданд.

Дар таҳкими сулҳу суботи мамлакат саҳми ҷавонон муҳим арзёбӣ карда шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки «мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».

Ба ибрози Сарвари давлат, ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ давлати ҷавонон аст.

Аз ин хотир дар мамлакат «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» қабул гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани ҳувияту ватандӯстии ҷавонон ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Январь 24, 2023 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад