ДАРАХТ БИНШОН! КВД «Тоҷикниҳолпарвар» тақрибан як млн бех ниҳол барои фурӯш омода намудааст

Январь 3, 2023 13:43

ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тирамоҳи соли гузашта ва баҳори соли 2023 тақрибан як млн бех ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва  ҳамешасабз барои фурӯш омода гардидаанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» саркишоварзи корхонаи мазкур Мирзо Ворисов.

Ба гуфти мавсуф, аз он 599 ҳазору 402 бех дарахтони мевадиҳанда, 170 266  бех ниҳоли ток, 41708 бех дарахти тут, 193 872 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу  сояафкан, ороишӣ ва беш 55 ҳазор бех гули садбарг, 2 ҳазору 785 бех дарахтони нодир ва дигар навъҳо мебошанд.

Дар зерсохтори КВД «Тоҷикниҳолпарвар» 13 хоҷагии ниҳолпарварии махсус мавҷуданд, ки фаъолияти худро ба амалисозии  дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти боғпарварӣ равона намудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки татбиқи якчанд барномаҳои рушди боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки ин бахш ба соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ табдил ёфта, барои афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот саҳми калон гузорад.

«Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаи сердаромадтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ,  ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд», — гуфт Мирзо Ворисов.

Мавсуф зикр намуд, ки дар айни замон деҳқонони мамлакат барои баланд бардоштани ҳосилнокии боғу токзор бояд корҳои агротехникии мавсимӣ —  тоза кардани каналу ҷӯйборҳо, башаклдарории дарахтон, шудгори байни қаторҳои боғу токзор, озуқадиҳӣ ва нармкунии бехи дарахтонро босифат ба анҷом расонанд.

Мирзо Ворисов зикр намуд, ки солҳои охир талабот ба боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бештар гардидааст ва корхона барои таъмини хоҷагиҳо бо ниҳолҳои зарурӣ тадбирҳои муҳим меандешад.

Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки боғи интенсивӣ ва  суперинтенсивӣ назар ба боғи анъанавӣ серҳосилу фоидаовар аст. Зеро бино ба таҳлили боғбонон, аз як бех ниҳоли дар боғи интенсивӣ парваришёфта то 5-6 кило ҳосил гирифтан ва дар як гектар боғи интенсивӣ аз 500 то 3 ҳазор ниҳол шинонидан мумкин аст. Дар як гектар боғи анъанавӣ аз 153 то 238 ҳазор ниҳол мешинонанд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, афзалияти боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ин, пеш аз ҳама, таъмини зичии ғунҷоиши ниҳолҳо дар як гектар ба ҳисоб меравад. Ҳосилбандӣ низ дар он барвақт шурӯъ гардида, дарахтони донакдор то 25 – 30 тонна, тухмдор зиёда аз 70 тонна ҳосил медиҳанд. Баландии дарахт  2,5-3 метрро ташкил медиҳад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 3, 2023 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд