ДАСТГИРИИ ДАВЛАТ. Соли 2023 боз даҳҳо нафар устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби манзил мешаванд

Январь 4, 2023 16:21

ДУШАНБЕ, 04.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли 2023 яке аз биноҳои чорошёна (собиқ хобгоҳ)-и донишгоҳро ба манзили истиқоматии устодон табдил диҳад, ки дар пайи иҷрои он даҳҳо нафар устодону кормандони донишгоҳ соҳиби манзили зист мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Дар бораи тасмими мазкур зимни ироаи ҳисоботи ҷамъбасти солона аз ҷониби Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода иттилоъ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли 2022 хобгоҳи №1-и ДМТ, воқеъ дар маҳаллаи Гипрозем баъди таъмири асосӣ ба 30 нафар омӯзгорон ва кормандони ҷавони донишгоҳ ҳамчун манзили истиқоматии хизматӣ супорида шуд.

Дар маросими ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ , муовини Вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода ва дигарон ширкат доштанд.

Маълум аст, ки дар айни замон дар ДМТ омӯзгорони калонсол ва дорои унвонҳои илмӣ, ки ба корҳои таълимӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд, кор мекунанд, вале қисме аз онҳо манзил надоранд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади таъмини иҷтимоии донишҷӯён дар шаҳраки донишҷӯён, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак ҳамчунин бинои 12-ошёна барои беш аз 1 ҳазор донишҷӯ ба истифода дода шуд.

Бинои хобгоҳ хусусӣ карда намешавад ва дар тавозуни донишгоҳ барои омӯзгорон ва кормандон боқӣ мемонад.

Бояд гуфт, ки Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» моҳи майи соли 2006 тибқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ қабул шуда буд.

Тибқи қонун, аз 1 январи соли 2007 давоми се соли аввали кор барои муаллимони ҷавоне, ки дорои маълумоти олии педагогӣ буда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаклҳои гуногун кор мекунанд, имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

— бо тартиби ғайринавбатӣ ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил;

— ба қадри имкон дар ноҳияҳои кӯҳистон барои боғу токзор чудо кардани замин;

– додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои ширдеҳ ё парвариши 20 оилаи занбӯри асал.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон вазифадор карда шудаанд, ки масъалаи ҷудо кардани қитъаҳои заминро ҳал кунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони кишвар охири соли 2021 таъкид карда буданд, ки «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 4, 2023 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад