ДАВРАИ ДУШВОРТАРИН ДАР 100 СОЛИ ОХИР. Роҳбарони Тоҷикистон ва Ҷопон дар паёмҳои худ аз вазъи мураккаби ҷаҳон ёдовар шуданд

Январь 5, 2023 12:05

ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида дирӯз, 4 январ дар муроҷиати худ ба кишварҳои ҳафтгонаи бузург (G7) изҳор дошт, ки ҷаҳон ҳоло ба далели низоъ дар Украина ва пайомадҳои пандемияи COVID-19 дар «нуқтаи гардиши таърихӣ» қарор дорад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора сомонаи дафтари Сарвазири Ҷопон хабар дод.

Фумио Кисида ба он таваҷҷуҳ кард, ки ҷаҳон ҳоло бо бисёр чолишҳои глобалӣ ва мушкилоте, ки андешидани тадбирҳоро тақозо мекунанд, рӯбарӯст. Ӯ аз ҷумлаи чунин чолишҳо вазъи мураккаб дар иқтисоди ҷаҳонӣ, амнияти ғизоӣ ва энергетикӣ, масоили минтақавӣ, аз ҷумла авзоъ дар Украина ва минтақаи Ҳинду Уқёнуси Ором, масоили халъи силоҳи ҳастаӣ, беҳдошти глобалӣ ва тағйирёбии иқлимро унвон кард.

«Ҳамчун кишвари раисикунанда, мо роҳбарони G7-ро барои ба таври ошкоро амиқтар кардани мубоҳисаҳо ва возеҳ муаррифӣ намудани ғояҳову нақшаҳои оянда роҳнамоӣ хоҳем кард», — тазаккур дод Кисида.

Ёдовар мешавем, ки Ҷопон имсол раёсати G7-ро бар дӯш дорад ва моҳи май дар Хиросима мизбони нишасти сарони давлатҳои ин ҳафтгона хоҳад шуд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 23 декабри соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми худ ба вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз вазъи мураккаб дар ҷаҳон ёдовар шуданд.

«Солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад», — иброз доштанд Сарвари давлат дар Паёми худ ба Парлумони кишвар.

Бино ба гуфтаи Президенти мамлакат, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.

«Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад», — зикр карданд Сарвари давлат ва илова намуданд, ки дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад.

«Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад», — гуфтанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Қаблан сарони давлатҳои Россия, Чин, Олмон, Фаронса ва Дабири кулли СММ аз вазъи муташанниҷ ва пешгӯинашаванда дар сайёра изҳори нигаронӣ карда буданд.

АКС: АМИТ «Ховар»/unsplash

Январь 5, 2023 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»