ДЗЮДО. Наврасони тоҷик зери роҳбарии коршиноси хориҷӣ тамрин менамоянд

Январь 4, 2023 08:33

ДУШАНБЕ, 04.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 2 январ дар клуби дзюдои «Ҳоҷӣ Шариф» дар шаҳри Душанбе барои 25 нафар наврасони соли таваллудашон 2010-2011 аз манотиқи гуногуни кишвар ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ ҷараён дорад.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Бо дастури Раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир ин тамринҳо зери роҳбарии коршиноси хориҷӣ Давид Габаидзе, ки малакаи хуби мураббигӣ дорад, доир мегарданд.

«Дар ҷараёни он дзюдочиёни наврас  ва болаёқат муайян карда шуда, барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинанд»,- зикр намуданд дар ФДТ.

 

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Январь 4, 2023 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад