Федератсияи футболи вилояти Хатлон беҳтаринҳои мавсими 2022-ро қадрдонӣ намуд

Январь 5, 2023 08:22

ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи вилояти Хатлон 4 январ дар шаҳри Бохтар натиҷаи мавсими футболи гузаштаро ҷамъбаст намуда, беҳтаринҳоро аз рӯйи номинаҳои гуногун муайян кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш Раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилоят, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Қурбон Ҳакимзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ва дигар меҳмонони фахрӣ ширкат намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода маросимро ифтитоҳ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки соли 2023 барои дастаҳои вилояти Хатлон боз ҳам пурсамару бобарор хоҳад буд.

Сипас дар номинаҳои гуногун мукофотҳои инфиродӣ супорида шуданд. Беҳтарин бозигарон ва мураббиёни футболи наврасону занона, чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум, инчунин чемпионати ҷумҳурӣ миёни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон мукофотонида шуданд.

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки дар мавсими 2022 ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон гардид, соҳиби медалҳои тилло шуд. Дастаи «Равшан», ки дар Лигаи олии Тоҷикистон-2022 мақоми дувумро гирифт, бо медалҳои нуқраи чемпионат сарфароз шуд.

Илова бар ин ғолибону ҷоизадорони чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон ҳам мукофотонида шуданд. Дар ин минтақа ғолиби Лигаи дуюм дастаи «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминобод гардид. Медалҳои нуқра ба бозигарони дастаи «Нури деҳот» (Панҷ) супорида шуда, медалҳои биринҷӣ насиби дастаи  «Хуросон» гардиданд.

Акс: ФФТ

Январь 5, 2023 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад