Фонди ҷоизавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 январ дар шаҳри Душанбе Лигаи футболи Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони дастаҳои лигаҳои олӣ ва якуми кишвар ҷаласаи васеъ баргузор намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов вохӯриро ифтитоҳ намуда, ба ҳамаи дастаҳо дар мавсими нави футбол фаъолияти пурсамар ва ба дастаҳои «Истиқлол», «Равшан» ва «Хуҷанд», ки имсол кишвари моро мутаносибан дар мусобиқоти Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО намояндагӣ мекунанд, барору комёбӣ таманно намуд.
Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов дар бораи масъалаҳои муҳими мавсими соли 2023, инчунин талабот ва меъёрҳои иҷозатномадиҳии бошгоҳҳо барои ширкат дар мусобиқоте, ки таҳти сарпарастии КФО доир мешаванд, сухан гуфт.
Сипас қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе баргузор шуд. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи Ҷоми ФФТ имсол 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб ба ҷуз аз ҷоиза инчунин 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Барандаи медалҳои нуқра соҳиби 30 000 сомонӣ ва медалҳои биринҷӣ соҳиби 20 000 сомонӣ хоҳанд шуд.
Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсия-2023 дар минтақаи Душанбе ҳашт даста ширкат мекунад, ки аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.
Ба гурӯҳи «А» «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош» ва «Равшан»-и Кӯлоб шомил шуда, гурӯҳи «В» аз КМВА, «Шодмон», «Душанбе» ва «Барқчӣ» иборат аст.
Пас аз ҷамъбасти даври гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2023, ки моҳи феврал баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Аз вилоятҳои Суғду Хатлон ду даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2023 роҳхат мегиранд.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2023 дар минтақаи Душанбе:
Гурӯҳи «А»: «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош», «Равшан».
Гурӯҳи «Б»: КМВА, «Шодмон», «Душанбе», «Барқчӣ».
Акс: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






