ФУТБОЛ. Дар Душанбе Мусобиқаи «Таътили зимистона» миёни кӯдакону наврасон баргузор шуд

Январь 10, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе Мусобиқаи футбол таҳти унвони «Таътили зимистона-2023» ба анҷом расид. Миёни футболбозони соли таваллудашон 2010 ҷойи якум насиби дастаи футболи «Солор» (мураббӣ Насим Набиев) гардид. Миёни футболбозони соли таваллудашон 2011 дастаи «Поиск» (мураббӣ Зайниддин Раҳимов) ғолиби ҷойи аввал шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.  

Мусобиқа мазкур аз рӯи низоми даврӣ дар як марҳила гузаронда шуд. 14 даста дар ду синну сол барои медалҳо миёни ҳам рақобат карданд. Миёни футболбозони соли таваллудашон 2010 медалҳои нуқра ба дастпарварони «Истиқлол» (мураббӣ Ҷаҳонгир Ҷабборов) насиб гардид. Зинаи сеюмро дастаи «Поиск» (мураббӣ Зайниддин Раҳимов) ба даст овард.

Миёни футболбозони соли таваллудашон 2011 ҷойи дуюм насиби дастаи «Солор» (мураббӣ Азамат Шодиев) гардид. Бозингарони дастаи «Ҷавонон» (мураббӣ Парвиз Сайфуллоев) барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо медалу ҷом ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд.

Медалҳоро ба ғолибон котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Аҳмедҷонов, директори генералии Лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар Увайдо Давлатбеков, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ, мураббии шоистаи ИҶШС Шариф Назаров ва сармураббии дастаи «Файзканд» Алӣ Назарзода тақдим карданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳайати дастаҳо ба беҳтарин бозингарон низ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Акс: ФФТ

Январь 10, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд