Гармхонаҳои Парки инноватсионии ноҳияи Дарвоз истеҳсоли сабзавотро ба 10 тонна расониданд
ХОРУҒ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Парки инноватсионии саноатию технологии Дарвоз нахустин парки дорои пешрафтарин технологияи соҳаи кишоварзӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Парки мазкур соли гузашта ба маблағи 1 миллиону 168 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Дар баробари дигар корхонаҳои муосир Парки инноватсионии саноатию технологии «Дарвоз» дорои ду гармхонаи замонавӣ аст, ки ба парвариши маҳсулоти барвақтӣ, аз қабили помидору бодиринг машғуланд. Мутахассиси соҳибтаҷриба Ислом Ҳозиров се сол аст, ки ба парвариши маҳсулоти гармхона шуғл меварзад ва бо истифода аз технологияи муосири кишоварзӣ талош мекунад, то ҳосилнокиро дар шароити ҳавои сард ва замини ками Бадахшон ҳарчӣ бештар баланд бардорад.
Ба гуфтаи Ислом Ҳозиров, «тараққиёти босуръати илму техника мо, кишоварзонро имрӯз воқеан ба ҳайрат гузоштааст. Ҳар деҳқон агар агротехникаи заминро дар чунин гармхонаҳо дуруст истифода барад, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда метавонад ва на танҳо дӯкону бозори ноҳия, балки бозорҳои шаҳри Хоруғ ва ҳатто маркази ҷумҳуриро низ бо сабзавоти тару тоза таъмин кардан мумкин аст».
«Дар солҳои аввал аз ин гармхонаҳо мо ҳамагӣ 100 кг сабзавот мегирифтем, зеро дар бораи тарзи дурусти истифодаи таҷҳизоти муосири кишоварзӣ маълумоти кофӣ надоштем. Аммо солҳои минбаъда ҳосилнокӣ рӯ ба афзоиш ниҳод ва ҳоло аз ин гармхона то 8-10 тонна ҳосил мегирем. Аммо ин ҳанӯз моро қаноатманд намекунад, зеро иқтидори пурраи гармхона ба маротиб бештар аст. Соли равон аллакай 2 тонна помидору бодирингро бо нархи аз 10 то 15 сомонӣ ба фурӯш баровардем. Дар оянда агар ҳосили гармхона боз ҳам зиёдтар гардад, табиист, ки нархи сабзавот боз ҳам арзонтар мешавад»- илова кард ў.
Дар гармхона шаш нафар бонувони маҳаллӣ кор мекунанд ва аз шароити кору музди меҳнат розианд. Гармхонаи мазкур дар масоҳати 15 садяк замин сохта шуда, бо усули қатрагӣ обёрӣ карда мешавад. Сардиҳои аввали моҳи январ ба маҳсулоти гармхона низ бе таъсир намонданд. Дар ин рӯзҳо кормандон ба таври шабонарӯзӣ ҳарорати дохили гармхонаро муътадил нигоҳ дошта, беш аз 30 тонна ангиштсангро масраф карданд. Ба онҳо муаяссар шуд, ки маҳсулотро аз сармо ҳифз намоянд. Соли равон дар гармхона кӯчати помидори навъи «Зарина F-1» шинонда шуд. Ин навъи сабзавот аз Ҷумҳурии Узбекистон оварда шудааст ва ба қавли мутахассисон, ба иқлим, обу ҳаво ва хоки кӯҳистон хеле мутобиқ аст.
Муовини сардори Раёсати кишоварзии ВМКБ Раҷаббек Раҷаббеков изҳор дошт, ки “дар шароити камзамини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкили гармхонаҳои замонавӣ ба мақсад мувофиқ буда, ҳамасола майдони замини зери гармхонаҳо афзоиш меёбад ва ҳоло миқдорашон ба беш аз 3 гектар расидааст. Қабл аз замони истиқлол дар ҳудуди вилоят ягон гармхонаи ба меъёрҳои агротехникӣ ҷавобгӯ вуҷуд надошт. Аммо дар аксари ноҳияҳои вилоят аз 20 то 25 гармхонаи муосир бунёд шудаанд, ки дар таъмини рӯзгори худи сокинони деҳот ва дӯкону бозорҳои маркази ноҳияҳо нақши арзишманд мегузоранд».
Ин раванд минбаъд низ идома ёфта, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба ноҳияҳо сафар намуда, ба деҳқонон оид ба бунёд ва тарзу усули парвариши сабзавот дар гармхонаҳо маслиҳату машварат медиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад






