Хизматчиёни Артиши миллии Тоҷикистон дар машқгоҳи «Фахробод» ба малакаи касбӣ тақвият бахшиданд

Январь 18, 2023 10:16

ДУШАНБЕ, 18.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар машқгоҳи ҳарбии «Фахробод»-и вилояти Хатлон бо мақсади тақвият бахшидан ба маҳорату малакаи касбӣ ва сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсӣ бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ дарсу машғулияти мухталифи амалии саҳроӣ ба роҳ монда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиа хабар доданд.

Ҳадафи баргузории ҷамъомади методӣ-таълимӣ зимни пешбурди вазифаҳои хизматӣ- ин дар амал нишон додани роҳу усулҳои нави омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ, сайқал додани донишу малака, табодули таҷрибаи ҳамдигар ва баланд бардоштани масъулияти иштирокчиёни он дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг буд.

Иштирокчиёни машғулияти методӣ-таълимӣ давоми рӯз дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод ба дарсҳои тайёрии амалиётӣ ва ҷамъиятӣ-давлатӣ фаро гирифта шуданд. Баҳри сайқал додани донишу малака ва маҳорати касбӣ онҳо аз фанҳои мухталифи низомӣ ва тарбияи ҷисмонӣ санҷиш супориданд. Илова бар ин, қобилияти иштирокчиёни ҷамъомади методӣ-таълимӣ бо истифода аз силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва аз рӯйи тирпаронӣ мавриди баҳогузорӣ қарор дода шуд.

Мшғулияти методӣ-таълимӣ дар толори яке аз қисмҳои низомии тобеи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъбаст карда шуд.

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ

Январь 18, 2023 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд