Имсол дар чор муассисаи таҳсилоти умумии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар синфҳои махсуси футбол ташкил карда мешавад

Январь 13, 2023 17:22

ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 январ дар шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли равон баргузор гардид, ки дар он нақшаҳои мавсими соли 2023 тасдиқ карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов суханронӣ намуда, оид ба рафти иҷрои қарорҳои Кумитаи иҷроияи ФФТ, ки 26 августи соли гузашта баргузор гардида буд, маълумоти муфассал дод. Ӯ иброз дошт, ки вазифаҳои асосӣ иҷро гардиданд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки аз 1 сентябри соли равон дар заминаи чор муассисаи таҳсилоти умумии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар синфҳои махсуси футбол ташкил намоянд.

Сипас, мусобиқаҳое, ки имсол таҳти сарпарастии Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд, баррасӣ шуданд.

Мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ аз 1 апрел оғоз мешавад ва мисли соли гузашта дар ду марҳила доир мегардад. Дар навбати аввал – ҳамаи даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунанд. Баъдан дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар умум ҳар як даста дар чемпионат 22 вохӯригӣ мегузаронад.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 миёни бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 6 май дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Замони оғози вохӯрӣ соати 19:00 дар назар дошта шудааст.

Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб макони баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 тасдиқ шуд.


Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ (легионерҳо) дар чемпионати Тоҷикистон бетағйир боқӣ монад. Мисли соли гузашта ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ метавонад ба ҳайати худ ҳафт бозигари хориҷиро шомил кунад, дар ҳоле ки танҳо панҷ бозигари хориҷӣ дар як вақт метавонад дар майдон бошад.

Илова бар ин, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ тасмим гирифта шуд, ки шумораи иштирокчиёни мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар соли 2024 бетағйир – 10 бошгоҳ боқӣ монад.

Аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ зимни баррасии нақшаҳои мавсими нав ба раиси вилояти Суғд ва Федератсияи футболи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат карданд, то қабл аз оғози мавсими нав барои таъмини таҷҳизоти равшандиҳӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд мусоидат намоянд.

Дар мавриди масъалаи навбатии рӯзнома – оид ба вазифаҳои дастаҳои мунтахаби миллӣ дар марҳилаҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахабҳои наврасон (U-17) ва ҷавонони (U-20) Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки дар мусобиқоти қоравӣ бомуваффақият баромад карда, соҳиби роҳхатҳо ба чемпионати ҷаҳон байни наврасону ҷавонон гарданд.

Дар назди мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) вазифаи дарёфти роҳхат ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки дар Қатар баргузор мешавад, гузошта шуд.

Сипас, ҳисоботи Федератсияи футболи Душанбе ва вазифаҳо дар соли 2023 оид ба рушди минбаъдаи футбол дар пойтахт шунида шуд. Ба Федератсияи футболи Душанбе пешниҳод гардид, ки шумораи иштирокчиёни чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи дуюм ҳадди ақал ба 8 адад расонида шавад.

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия масъалаҳои фаъолияти федератсияҳои минтақавӣ муҳокима карда шуданд.

Акс: ФФТ

Январь 13, 2023 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд