IRS БА РОНАНДАГОН: бориши барф бениҳоят пуршиддат буда, тармафароӣ зиёд аст!

Январь 10, 2023 14:27

ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми як соати охир аз километри 53 то 81-уми роҳи Душанбе-Чаноқ қариб 30 тармаи хурду калон фаромад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба зикри манбаъ, илова бар ин, бориши барф торафт шиддат гирифта, хавфи фаромадани тармаҳои нав мавҷуд аст.

Бо назардошти ин, дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан манъ карда шуд.

Ширкат аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки то ба эътидол омадани вазъият аз сафар худдорӣ намоянд.

«Таъкид менамоем, ки бориши барф бениҳоят пуршиддат буда, тармафароӣ зиёд аст. Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд», — изҳор доштанд дар IRS.

Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 10 январ то 14 январи соли равон бар асари ворид гардидани ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Россия дар қисмати бештари қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво сард мешавад ва барфи шадид меборад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанду дар ин рӯзҳои сард бидуни зарурати таъҷилӣ аз сафар дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 10, 2023 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид