IRS ХАБАР МЕДИҲАД. Дар роҳи Душанбе — Чаноқ пайомадҳои тарма бартараф ва ҳаракати нақлиёт пурра таъмин гардид

Январь 12, 2023 16:44

ДУШАНБЕ, 12.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Оқибатҳои тармафароии рӯзи 11 январ пурра бартараф ва ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ таъмин гардид. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» дар филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ аз субҳи барвақт тоза намудани роҳи Душанбе — Чаноқ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш оғоз гардида, айни замон замон ҳаракати нақлиёт таъмин аст.

«Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки бидуни омодагии ба мавсими сармо хос ба роҳ набароянд ва ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд»,-тазаккур доданд дар Ширкат.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз,11 январ дар роҳи Душанбе — Чаноқ, хоса минтақаи Варзоб бинобар бетафовутии баъзе ронандагон тамбашавии воситаҳои нақлиёт зиёд ба амал омада, сафарбарнамоии техникаҳои филиали ширкатро ба макони тармафароӣ ва минтақае, ки бориши барф пуршиддат аст, нисбатан мушкил намуд.

АКС: Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 12, 2023 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид