МАҲДУДИЯТ ДАР ТАЪМИНИ БАРҚ АЗ БАЙН БАРДОШТА ШУД. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ШСХК «Барқи Тоҷик» хабар доданд

Январь 12, 2023 14:42

ДУШАНБЕ, 12.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи (ШСХК) «Барқи Тоҷик» дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо тасмим гирифтааст, ки таъминоти мунтазами неруи барқро дар сар то сари кишвар пурра ба роҳ монад. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти ширкати мазкур хабар доданд.

Рӯзҳои охир ва якчанд рӯзи дигар дар қаламрави ҷумҳурӣ боришоти зиёди барф ва ҳарорати аз нишондиҳандаи миёнаи иқлимӣ хеле паст пешгӯӣ шудааст. Дар чунин рӯзҳо, ки вазъи ҳаво пешгӯишаванда мебошад, дар фаъолияти хоҷагии комуналии шаҳру ноҳияҳо ва зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ пеш омадани мушкилиҳо аз эҳтимол дур нест ва талабот низ дар истифодаи неруи барқ бениҳоят зиёд мегардад.

Новобаста ба ин, бо мақсади бе мушкилӣ гузаронидани рӯзҳои сарди фасли зимистон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 11-уми январи соли равон дар мамлакат маҳдудият дар таъмини неруи барқ аз байн бардошта шуд. Ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” вазифадор гардидааст, ки бо истифода аз тамоми захираву имконият неруи барқро дар тамоми қаламрави мамлакат бе маҳдуддият таъмин намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки то ин вақт бо сабаби норасоии мавсимии захираҳои обу энергетикӣ, ки аз рӯи ҳисоби мутахассисони мо дар давраи тирамоҳу зимистон ба қадри зиёда аз 1 милиард квт. соат пешгӯӣ шудааст, таъмини барқ дар баъзе минтақаҳои мамлакат танҳо шабона аз соати 22:00 то 05:00 маҳдуд карда мешуд.

Интиқоли бемаҳдудияти неруи барқ бо назардошти афзоиши талабот дар рӯзҳои сард аз як ҷониб боиси хароҷоти иловагии оби обанбори НБО «Норак» гашта, аз тарафи дигар дар ҳолати риоя нагардидани тадбирҳои сарфаҷӯии неруи барқ ба сербории шабакаҳои барқӣ, тарансформаторҳо ва садамаҳо дар системаи энергетикаи ҷумҳурӣ оварда мерасонад.

Аз ин лиҳоз Ширкати «Барқи Тоҷик» аз муштариёни неруи барқ дар мамлакат хоҳиш намудааст, то ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат неруи барқро сарфакорона ва мақсаднок истифода намоянд.

«Маҳз истифодаи сарфакоронаи неруи барқ аз тарафи ҳар як муштарӣ имкон медиҳад, ки таъминоти тамоми соҳаҳои мамлакат ва аҳолӣ бо неруи барқ беҳтар гардад», — тазаккур додааст манбаъ.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 12, 2023 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн