МАВСИМИ ҶАМЪОВАРИИ ЛИМӮ — ДАР АВҶ. Беш аз нисфи ҳосили ин меваи ситрусии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содирот мешавад

Январь 8, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 08.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳрии Тоҷикистон майдони умумии лимӯ зиёда аз 350 гектарро ташкил медиҳад, ки ба ҳолати 1 январи соли гузашта дар мамлакат зиёда аз 6 ҳазор тонна лимӯ ҷамъоварӣ гардида буд. Беш аз 50 фоизи лимӯи истеҳсоли Тоҷикистон ба Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Беларус ва дигар давлатҳои хориҷӣ содирот карда мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва итилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.

Дар шароити Тоҷикистон лимӯ асосан бо ду тарз: парвариши он дар лимӯхонаҳои зеризаминӣ-хандақҳо ва лимӯхонаҳои рӯизаминӣ-гармхонаҳо ба роҳ монда шудааст. Онҳо аз лиҳози парвариш, нигоҳубин, ҳосилнокӣ ва тарзи истифодаи техникаи кишоварзӣ аз ҳамдигар фарқ доранд. Афзалияти парвариши лимӯ дар хандақҳо дар он аст, ки аз ҳисоби гармии замин зимистонгузаронии лимӯ таъмин карда мешавад.

Дар гармхонаҳои рӯизаминӣ барои зимистонгузаронӣ манбаъҳои дигари гармидиҳӣ истифода мешаванд. Ҳосилнокӣ дар лимӯхонаҳои рӯизаминӣ-гармхонаҳо нисбат ба хандақҳо ду маротиба зиёдтар аст.

Тавре дар суҳбат бо мо узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов иброз намуд, «лимӯ растании ба хунукии сахт тобовор нест. Бинобар ин онро дар шароити иқлими ҷумҳурӣ дар лимӯхонаҳои гуногун парвариш менамоянд. Дуруст ба роҳ мондани лимӯпарварӣ имкон медиҳад, ки на фақат талаботи аҳолӣ ба ин меваи серғизо таъмин гардад, балки он ҳамчун зироати серталабот ба хориҷи мамлакат низ содир карда шавад. Дар ин самт лимӯпарварӣ метавонад ба яке аз соҳаҳои афзалятнок табдил ёбад».

Ёдовар мешавем, ки 12 декабри соли 2022 дар шаҳри Бохтар Фестивали лимӯ ва намоиши маҳсулоти саноатӣ баргузор гардид. Чунин фестивал дар вилояи Хатлон бори аввал гузаронида шуд.

Фестивали мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи шартномаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия доир шуд. Дар он Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Губернатори вилояти Омски Федератсияи Россия Александр Бурков ва дигар масъулон иштирок доштанд.

Раиси вилоят ва масъулин ба меҳмонон дар бораи лимӯ, ҳосили хуби имсола, боду ҳавои мусоиди кишвар ва таҷрибаи деҳқонони асили хатлонӣ маълумот доданд.

Зимни боздид аз намоишгоҳ Губернатори вилояти Омски Федератсияи Россия Александр Бурков ва ҳамроҳонаш ба маҳсулоти кишоварзии вилоят таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба сифати лимӯ ва сабзавоту меваҷоти пешниҳодгардида баҳои баланд доданд. Инчунин дар хусуси харидорӣ ва доштани ниёз ба чунин маҳсулот дар Россия ибрози андеша карданд.


«Чунин маҳсулот дӯстдорону харидорони зиёд дорад ва мо омодаем, ки вобаста ба содироти ин гуна маҳсулот мусоидат намоем»,- зикр кардан меҳмонон.

Дар бораи хосиятҳои шифобахшии лимӯ, ки сарчашмаи витамини «С» мебошад, олимон зиёд навишта, ҳамчунин ҷавҳари лимӯ ва намакҳои маъдании онро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Маҳз бо ҳамин мева табобат кардани бемориҳои рӯда, гулӯдард, гулӯзиндонак, зардпарвин, хуншорӣ, фишорбаландии хун ва ғайраҳо аз хусусиятҳои он ба ҳисоб мераванд. Лимӯ хосияти зуд ба ҳам овардани захм ва пайванди устухонҳоро дорад. Дар таркиби меваҳои ситрусӣ ба миқдори зиёд фитонсидҳо мавҷуданд, ки бактерияҳои зарароварро маҳв месозанд.

Бояд гуфт, ки ватани лимӯ Ҳинду Чин буда, алҳол дар ҷаҳон беш аз сад намуди лимӯ вуҷуд дорад. Дар шароити Тоҷикистон ҳафт намуди лимӯ парвариш карда шуда, онро аз қаламча зиёд мекунанд. Олимони тоҷик тарзи парвариши лимӯро ба деҳқонон омӯхтаанд. Барои зимистонгузаронӣ ҳарорати дохили гармхона бояд аз +4+5 то +8+10 дараҷа мусбат бошад, ки муғҷаҳои ҳосилдиҳандаи онро сармо назанад. Дар ҳолати ҳарорати -4 то -7 дараҷа тамоми қисми рӯизаминии лимӯро сармо мезанад. Барои ҳамин дар шароити Тоҷикистон зарур аст, ки лимӯро ҳатман дар хандақ парвариш намоем, зеро ҳар сол ҳарорати манфӣ аз-10 -12 то -14 -18 ва дар ҳар 25-30 сол то -20-25 дараҷа сардӣ мушоҳида мешавад, ки барои парвариши растаниҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимӯ хеле хатарнок аст. Мавсими гулкунии лимӯ охири моҳи феврал ва март оғоз ёфта, давраи пухта расидани ҳосилаш моҳҳои октябр –ноябр мебошад. Барои пухта расидани лимӯ бояд дарахти он 3500 то 4000 дараҷа гармиро ба худ қабул намояд.

Ба Тоҷикистон лимӯро бори аввал дар солҳои 1934-1936 аз шаҳрҳои Сухумӣ ва Батумии Қафқоз олими гурҷӣ Калибзев оварда, дар минтақаи Ҳисор /Боғи миллӣ/ ва водии Вахш санҷида, парвариш намудааст. Имрӯз лимӯи тоҷикӣ яке аз меваҳои содиротии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат мебошад ва онро метавон ҳамчун бренди тоҷикӣ эътироф кард. Зеро мусаллам аст, ки лимӯи тоҷикӣ аз лиҳози лаззат, тунукии пӯст, ранг, намуди зоҳирӣ ва таркиби биохимиявиаш аз дигар намудҳои он бартарӣ дорад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 8, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад»
Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
Пешвои миллат: «Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод»
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз 39 миллиард сомонӣ ба 73 миллиард сомонӣ расонида шуд
Ба ҳама намуд санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аз моҳи майи соли 2027 норасоии неруи барқ дар Тоҷикистон пурра бартараф мегардад»
Солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд
Пешвои миллат: «Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»
Маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба анҷом расидаанд»
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
Ба иқтисодиёти вилояти Суғд 320,8 миллион доллари ИМА сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб гардид