МУҚОВИМАТИ ҲАР КАДОМИ МО АҲАМИЯТИ КАЛОН ДОРАД! Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҷлил мегардад

Январь 10, 2023 14:19

ДУШАНБЕ, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 10 январ ҳамчун «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» муқаррар карда шудааст.  Ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар кишвар, ба монанди муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ аз иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.  

Дар равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мушкилоти гаронеро барои инсоният ба бор овардааст. Ҳарчанд аҳли ҷомеа бар зидди ин амалҳои ғайриқонунӣ доимо дар мубориза омода бошад ҳам, то ба ҳол, чӣ дар давлатҳои абарқудрат ва чӣ дар давлатҳои рӯ ба инкишоф коррупсия арзи ҳастӣ дорад.

Коррупсия рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Он зангорест, ки пояи ҳокимиятро, агарчи пӯлодвор мустаҳкам бошад, батадриҷ хароб мекунад.

Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи беш аз чандҳазорсола дорад. Башарият, аз ҷумла гузаштагони тамаддунофари мо дар  осори гаронмояи хеш бамаврид ришвахориро, ки яке аз омоли касифи инсонист, зери танқид гирифтаанд. Пас маълум мегардад, ки мубориза бар зидди порахӯриву ришваситонӣ реша бар умри асрҳо дорад.

Албатта, фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, зуҳури он дар ҳар шакле боиси заиф шудани механизмҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсонӣ мегардад ва муборизаю муқовимат алайҳи ин зуҳуроти зиддиарзишӣ вазифаи на танҳо мақомоти дахлдори давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар сокини солимақли ин марзу бум маҳсуб меёбад.

Хавфнокии коррупсия дар он зоҳир мегардад, ки устувории аҳли ҷомеаро коста гардонида, ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфии худро мерасонад. То имрӯз ба ҳеҷ як давлати дунё муяссар нагаштааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад.

Пайдоиши коррупсия ба даврони таназзули ҷамоаи ибтидоӣ ва ба миён омадани давлатҳои нахустин то замоне рафта мерасад, ки вазифаи идоракунӣ имконияти фоидабиниро ба вуҷуд оварда буд. Ин раванд дар ҳар сарзамин ба тарзи хос ҷараён ёфта, онро халқҳои гуногун ба ҳар тарз аз сар гузаронидаанд.

Аз нуқтаи назари илмӣ маҳфум ё худ истилоҳе, ки дар он фаҳмиши ягонаи ин истилоҳ ва ё моҳияти он инъикос ёфта бошад, вуҷуд надорад. Аз нуқтаи назари этимологӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинии «corruptio» гирифта шуда, маънояш «шикастан, пора додан» мебошад. Моҳиятан ин ду калима фаҳмиши коррупсияро муайян намуда, имкон медиҳанд то ин падида ба тариқи гуногун шарҳ дода шавад.

«Пора» истилоҳи форсӣ-тоҷикист, ки аз замонҳои қадимтарин дар забони мо роиҷ будааст.т Ҳатто Шоири халқии Тоҷикистон  Низом Қосим дар ин мавзӯъ шеъре бо номи «Пора» навиштааст. Аз забони арабӣ ҳам калимаи «ришва» вориди забони тоҷикӣ гардида, бинобар маъмул шудани он миёни фақеҳону қозиҳо дар адабиёти гузашта доираи васеи худро ёфтааст. Ҳамин тариқ, ришвахӯрӣ ва омилҳои коррупсионӣ аз лаҳзае пайдо шудаанд, ки вазифаҳои идоракунанда дар фаъолияти ҷамъиятӣ ва хоҷагӣ ҷудо гардид, ришваситон имкон пайдо кард, ки захираҳоро ихтиёрдорӣ кунад ва қарорҳоро на ба манфиати ҷомеа, балки ба манфиати худ ва дигар шахсони ваколатдор татбиқ кунад. Коррупсия ҳангоми ташаккули давлатҳо дар марказҳои қадимтарини тамаддуни башарӣ — Миср, Ҳиндустон ва Чин дар ҳазораи сеюми пеш аз мелод маълум гардидааст.

Дар таърихи давлатдории Иттиҳоди Шӯравӣ ришва ва омилҳои ба он алоқаманд низ ба чашм мерасид, ҳатто баъзе аз сиёсатмадорон ошкоро иқрор шудаанд, ки коррупсия саросарӣ гардидааст, ки муборизаи ҷиддиро талаб дорад. Дар кишварҳое, ки сатҳи баланди коррупсия мавҷуд аст, бояд сиёсати махсуси давлатии мубориза рушд дода шавад. Чунин сиёсат мумкин аст дар шакли стратегия ё барнома ба роҳ монда шавад, аммо назорат ва амалӣ кардани ҳадафҳои дар чунин ҳуҷҷатҳо пешбинишуда бояд низомнок амалӣ карда шаванд ва пайваста натиҷагирӣ карда шаванд.

Бояд зикр кард, ки коррупсия дар замони муосир низ ҷой дошта, вай кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Роҳҳои гуногуни мубориза ба падидаи мазкур дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ коркард ва қабул гардидааст. Масалан, аксарияти кишварҳо нақшаи амалиёти Истанбулӣ оид ба мубориза ба коррупсияро ба эътибор гирифта, стратегияҳои миллии мубориза бо коррупсияро дар кишвари худ коркард ва қабул кардаанд. Баъзе кишварҳо нақшаҳои фаъолияташонро таҳия карда, барои тақвият бахшидан барои мубориза ба ин падидаи номатлуб таҳлилҳо гузаронида истодаанд.

Сарфи назар аз он ки қонунгузорӣ ҷазои вазнин барои чунин амалҳо пешбинӣ мекунад, новобаста ба ин ришваситонӣ дар амалия ба чашм мерасад. Метавон хулоса кард, ки роҳи ҳалли масъалаи мазкур танҳо тавассути қонунгузорӣ имконнопазир аст. Аллакай зикр гардид, ки қонунгузории ҷиноятӣ ҷазои вазнин барои ин намуди ҷиноят муқаррар кардааст, аммо содиршавии он ҳанӯз ҳам ба назар мерасад. Аз ин лиҳоз, муқаррар кардани ҷазои вазнин дар қонунгузорӣ роҳи ҳалли масъала набуда, андешидани дигар чораҳои маҷмӯиро талаб мекунад.

Дар пешгирии ин падидаи номатлуб натанҳо давлат, балки аъзоёни ҷомеа низ бояд фаъол бошанд. Аксарияти кишварҳо воситаҳои оддиро баҳри мубориза ба коррупсия истифода мебаранд, аз ҷумла қабули роҳбарон ва дигар кормандон ба кор тавассути озмун. Чунин амал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба роҳ монда шудааст, аммо воситаи мазкур яке аз роҳҳои хурдтарини мубориза ба ҳисоб меравад. Сабаб дар он аст, ки омилҳои коррупсионӣ ниҳоят гуногун мебошанд ва истифодаи танҳо як восита ба натиҷаи зарурӣ оварда намерасонад. Коррупсия тамоми соҳаҳои ҳаёти Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёнаро низ фаро гирифтааст.

Проблемаҳои коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро он пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, некуаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфузи давлат ва низоми сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии ахлоқи ҷомеа мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 таъкид намуданд, ки «коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизогии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад».

Мақомоти бо коррупсия тамоюлдошта ба ҷинояткории муташаккил мусоидат намуда, ба ин васила ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада шароит фароҳам меоварад, дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташаккул ёфта, оқибат ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ оварда мерасонад.

Муқовимат ба коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои асосӣ буда, пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

Маврид ба зикр аст, ки баъд аз соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Дар арафаи рӯзи ҷашнгирии Истиқлолияти Тоҷикистон, баъди бомуваффақият имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 1997, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти иқтисодии миллиро ҳамчун моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия дарк намуда, ақидаи муҳими сиёсати зиддикоррупсионии давлатро чунин иброз намуданд:  «Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахӯрӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обурӯй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем”.

Дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 заминаи марҳилаи сифатан нави мубориза ба ин падидаи номатлуб ибтидо гузошт.

Дар таҳкурсии чунин иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии роҳбарияти олии кишвар як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардидаанд. Имрӯз Тоҷикистон узви Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд буда, вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт иқдомоти зиёдеро амалӣ намудааст. Ҳамзамон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ се Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ вобаста ба муқовимат ба коррупсия пешбинӣ гардидаанд. Мавҷудияти ҳамин санадҳо ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳои махсус доир ба мубориза бо коррупсия сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро таҳким бахшида, боиси эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша атрофи масъалаи мазкур чорабиниҳои муфид тарҳрезӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешкаш менамояд.

Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ гардидаанд. То ба имрӯз 140 давлати дунё ба зери ин санади муҳими байналмилалӣ имзо гузоштаанд. Ҷумхурии Тоҷикистон низ ба хуҷҷати мазкур 25 сентябри соли 2006 имзо гузоштааст, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16 апрели соли 2008 тасдиқ гардид.

Бо назардошти пазируфта шудани Конвенсияи мазкур аз тарафи Тоҷикистон ва тибқи муқаррароти моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар маҳсуб ёфтани он зарурати ба талаботи Конвенсияи мутобиқ намудани қонунҳои амалкунанда ба миён омад, ки дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии кишвар ин иқдом пай дар пай амалӣ гашта, ба ҷараёни умумимиллии ислоҳоти қонунгузорӣ ва муқовимат ба коррупсия табдил гардид.

Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар соли 2005, Кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ, кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бархе аз номгӯи зиёди он чорабиниҳоест, ки ҷиҳати муқовимат ба коррупсия дар амал татбиқ шудаанд ва ин раванд идома дорад.

Дар таҳкурсии чунин иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии сарвари давлат баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он тадбирҳои таъмини шаффофият ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ андешида шуда, уҳдадории ҳар як хизматчии давлатӣ барои пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва амвол муқаррар гардид.

Ҳамчунин, дар идомаи раванди устувор намудани кафолатҳои ислоҳоти ҳуқуқию институтсионалӣ охири соли 2006 баҳри бартараф намудани такрори вазифаҳои сохторҳо ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ миқдори вазорату идораҳо дар ҷумҳурӣ кам карда шуданд.

ДАР АКС: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, 17 декабри соли 2019. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки «коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».

Бешубҳа маълумоти дарҷгардида нишонаи равшани мақсаду мароми қатъии андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат ба коррупсия мебошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки коррупсия таъсири худро бар тамоми соҳаҳои зиндагии инсонҳо гузошта, рушди солимии иқтисодро фалаҷ мегардонад, фаъолияти самарбахши сиёсатро халалдор сохта, робитаи миёни ҳукумат ва мардумро ногувор месозад ва ҳатто маънавиёт ва бовар ба арзишҳоро аз ҷомеа мерабояд.

Аз ин рӯ, мубориза бо фасод набояд кори сирфан як мақоми хос ва алоҳида бошад. Ҳар яки мо уҳдадорем, ки дар коҳиши назарраси ин падидаи номатлуб дастаҷамъона саҳми худро бигузорем.

Дар баробари ташаккули заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таъсиси мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия дар кишвар баҳри пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи хатарзою фалаҷкунандаи давлату ҷомеа чандин барномаву стратегияҳо, аз ҷумла “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34, “Стратегияи муковимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 ва “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (2021- 2025) бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 қабул ва тасдиқ гардиданд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи амалисозии стратегияҳо барои солҳои 2008-2012 ва 2013-2020 ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯй ва нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуданд.

Ҳамин буд, ки Ҷумҳурпи Тоҷикистон дар радабандии “Пешбурди соҳибкорӣ 2020” (Doing Business 2020) 20 зина боло рафта, аз 190 кишвари раддабандишуда дар ҷойи 106 қарор гирифт. Дар асоси ин раддабандӣ Тоҷикистон яке аз кишварҳои беҳтарини ислоҳотгар дар пешбурди соҳибкорӣ шинохта шуд.

Чорабиниҳои дар стратегияҳо зикргардида ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқоти илмию амалияи муқовимат бо коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтаанд.

Муқовимат ба коррупсия яке аз авлавиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон боқӣ монда, солҳои охир дар кишвари мо дар самти мубориза бо коррупсия дигаргуниҳои мусбӣ ба амал омада, баҳри расидан ба ҳадафҳои зиддикоррупсионӣ, таъмини муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия, инчунин дар рӯҳияи шаҳрвандон ҷорӣ намудани тарбияи зиддикоррупсионӣ чораҳои дахлдор роҳандозӣ шуда истодааст.

Қабули қонунҳои мукаммал ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои содир кардани амалҳои коррупсионӣ, муқаррар намудани кафолатҳои баланди иҷтимоӣ барои хизматчиёни давлатӣ, амалӣ намудани ротатсияи мунтазами ҳайати роҳбарикунанда, таъмини кафолатҳои дахлнопазирии шахсе, ки дар муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд, эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии хизматчиёни давлатӣ, мунтазам гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, муайян намудани чораҳои назорати давлатии молиявӣ, талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, ҷорӣ намудани мамониатҳо барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда, инчунин маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳо, инъикоси васеи фаъолияти зиддикоррупсионии мақомоти давлатӣ тариқи васоити ахбори омма, гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба таври ҳатмӣ роҳандозӣ намудани тарғибу ташвиқ ва таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт аз ҷумлаи ислоҳоти зиддикоррупсионӣ ба шумор меравад.

Татбиқи тадбирҳои зикршуда ва муттаҳид намудани кӯшишҳои мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба самарабахшии чораҳои амалинамуда заминаи мусоид гузошта истодааст.


Бояд гуфт, ки муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо ба монанди дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст. Бинобар ин мақомоти марказиюмаҳаллии назорати давлатии молиявӣ ва муборизи бо коррупсия тадбирҳои фаҳмондадиҳи, мизи мудаввпр ва мулоқоту семираҳо  таҳти унвони «Муқовимати ту аҳамияти калон дорад!» доир менамоянд.

Баҳри ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти муқовимат ба коррупсия бояд тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо истифода аз маҷмӯи воситаву усулҳои муосир фаъолият ва корбарӣ намоянд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

Январь 10, 2023 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҳиндустон мулоқот намуд
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо Департаменти ҷамъиятии бехатарии шаҳри Нанкини Чин густариш меёбад