Навъи нави коронавирус баъд аз ИМА ба Африқои Ҷанубӣ расид

Январь 10, 2023 11:30

ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Зернавъи нави коронавируси навъи Омикрон, XBB.1.5, тамоми минтақаҳои бузурги ИМА-ро фаро мегирад ва чанд рӯз пеш дар Африқои Ҷанубӣ низ ошкор карда шуд. Ҳарчанд, тибқи омор, ин кишвари африқоӣ аз пандемияи COVID-19 бештар осеб дидааст, ба назар чунин мерасад, ки олимон аз «мавҷи бузург»-и сироятҳои нав ҳарос надоранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Euronews» хабар медиҳад.

«Мавҷи азими сироятҳоро бо бистарӣ шудан дар беморхонаҳо бинобар сабаби масунияти баланди аҳолӣ дар Африқои Ҷанубӣ ва мавҷҳои қаблии навъҳои омикрон интизор надорам», — изҳор дошт вирусшиноси Африқои Ҷанубӣ Тулио де Оливейра, ки аввалин шуда навъҳои бета ва омикронро ошкор карда буд.

Дар Африқои Ҷанубӣ, ки он ҷо аввалин ҳолати сироятёбӣ аз навъи омикрон охири соли 2021 муайян карда шуда буд, ҳоло беш аз чор миллион ҳолати гирифторӣ ва беш аз 102,500 фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Танҳо 48% Африқои Ҷанубӣ, ки мебоист ба эмкунӣ фаро гирифта шаванд, ин тартибро анҷом додаанд.

Ба таъкиди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, зернавъи XBB.1.5 — вируси насли сеюм дар оилаи Омикрон буда, аз миёни зернавъҳои то имрӯз ошкоршуда ба осонӣ гузарандатарин ба ҳисоб меравад.

Тавре Тулио де Оливейра мегӯяд, зернавъ рӯзи ҷумъаи гузашта дар Африқои Ҷанубӣ ошкор гардид — дар намунае, ки охири моҳи декабр гирифта шудааст. Бо вуҷуди ин, дар ин марҳила «зиёдшавии ҳолатҳои сироятёбӣ, бистарӣ шудан ё фавт» мушоҳида нашудааст.

Зернавъи XBB.1.5 аллакай дар тақрибан 30 кишвар мавҷуд аст, махсусан дар Аврупо ва ИМА, ки дар он ҷо тадриҷан бартарият пайдо мекунад. Хусусиятҳои он ҳанӯз маълум нестанд. Аммо, тибқи маълумоти пешакӣ, вояи бустернии ваксинаи бивалентӣ, бино ба таъкиди СҶТ, бояд ба тавлиди подтан оварда расонад.

АКС: bbc.com

Январь 10, 2023 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд