ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳаво ва иқлим нақши аввалиндараҷа доранд
ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Тоҷикистон 63 маротиба чангу ғубор ба амал омадааст, ки 216 рӯзро ташкил медиҳад. Дар ҳафт моҳи соли 2026 23 маротиба чангу ғубор ба қайд гирифта шудааст. Чангбоде, ки ба мамлакат ворид мегардад, сабаби ифлосшавии ҳавои атмосфера мегардад. Ин моддаҳои муаллақ (чанг) аз заррачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5) иборат ҳастанд. Ин матлабро сардори Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии мамлакат Сангин Самиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.
— Масъалаи гармшавии бесобиқаи ҳарорати ҳаво ва ба амал омдани чангу ғубор, ки яке аз омилҳои асосии тағйирёбии иқлим маҳсуб мешавад, имрӯзҳо на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми оламро ба ташвиш овардааст. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера, ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ ва дар натиҷа ворид гардидани хисороти зиёд ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳо — ин ҳама нишонаҳои он аст. Тағйирёбии иқлим ҳоло ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал гардидааст. Тағйирёбии иқлим ва зиёд шудани чангу ғубор ба саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат чӣ таъсири манфии ҷиддӣ расонида метавонанд? Дар зер шарҳи ин мавзуъ пешниҳод мегардад.
Чангу ғубор — боиси авҷи бемориҳо
Зарраҳои чанг роҳҳои нафасро баста, боиси авҷ гирифтани бемориҳои астма, дилу рагҳо, бемориҳои шуш, варам, омос ва осеби аллергиявӣ мегарданд. Ҳангоми нафаскашӣ чангу ғубор ба шуш, луобпардаи бинӣ ва чашм медарояд, ки ин на танҳо ангезишҳои механикӣ, балки бемориҳои аллергиро низ пайдо мекунад. Таъсири ҳавои гардолуд бештар ба кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила ва шахсони гирифтори бемориҳои дилу шуш мерасад.
Таҳқиқоти байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки таъсири дарозмуддати зарраҳои майдаи чангу ғубор метавонад давомнокии умри инсонро коҳиш диҳад ва сатҳи бемориҳоро дар ҷомеа баланд бардорад.
Нақши ҳаво ва иқлим дар соҳаи кишоварзӣ
Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ иброз медоранд, ки дар соҳаи кишоварзӣ ҳаво ва иқлим нақши аввалиндараҷа доранд. Онҳо тамоми раванди рӯёнидани ҳосил—аз кишт то ҷамъовариро муайян мекунанд. Чангу ғубор ба соҳаи кишоварзӣ таъсири манфии бештар дорад, зеро он ҳосилро кам ва маҳсулот сифати худро гум мекунад, инчунин сабаби резиши баргу ғӯра ва хушк шудани ниҳол мегардад. Ин ҳодисаи табиӣ на танҳо ба соҳаи боғу токпарварӣ, балки ба тамоми растаниҳои баргдор таъсир мерасонад.
Тавре директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ҳарорати баланди ҳаво ва чангу ғубор боиси коҳиши ҳосилнокӣ, хушкидани хок, кам шудани оби полезӣ ва нобуд шудани зироат мешаванд. Қабати чанг ба баргҳои растаниҳо нишаста, раванди фотосинтез ва афзоиши ҳосилро суст мекунад, инчунин хокро аз меъёр хушк мекунад.
«Зарраҳои чангу ғубор баргҳои растаниҳоро мепӯшонанд ва раванди рӯшноӣ (фотосинтез)-ро суст мекунанд. Инчунин ба гул кардани растаниҳо ва гардолудшавии онҳо халал мерасонанд. Ин ҳавои олуда ба паҳншавии баъзе бемориҳо дар растаниҳою дарахтон мусоидат мекунад», — афзуд ҳамсуҳбати мо.
Сардори Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии мамлакат Сангин Самиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки бинобар камбориш омадани моҳи июли соли равон чангу ғубор бештар мушоҳида гардид. Эҳтимол аст, ки чунин ҳавои номусоид то даҳаи аввали моҳи август боқӣ монад.
«Солҳои охир дар мамлакат бинобар тағйирёбии иқлим ба вуҷуд омадани чангу ғубор зиёд ба қайд гирифта мешавад. Яке аз омилҳои асосии ин ҳолат паст будани намнокӣ дар биёбонҳо ва нимбиёбонҳои давлатҳои ҳамсоя мебошад, ки боиси ба вуҷуд омадани хокбориш мегардад. Чангу ғуборе, ки дар ҳаво паҳн мешавад, тавассути шамол ба давлати мо ворид мегардад», — гуфт Сангин Самиев.
Истеҳсоли ками асал бар асари чангу ғубор
Ба иттилои мутахассисон, соли 2025 шаҳди занбӯрон барои истеҳсоли асал хеле кам буд. Зеро тағйирёбии иқлим ва хокбориш боиси тез хазон шудани гулҳо гардида, ҳосил нисбат ба соли 2024 то 20 фоиз кам шудааст.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 октябри соли 2025 дар мамлакат 270 ҳазору 247 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 3738 тонна асал истеҳсол гардидааст. Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 275,6 ҳазор оилаи занбӯри асал мавҷуд буд, ки то 1 июли соли 2024 4260 тонна асал истеҳсол гардид. То 1 июли соли 2026 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 270 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбад, ки 718,3 тонна асал истеҳсол гардидааст.
Чӣ боис мешавад, ки чангу ғубор ба амал меояд?
Кам шудани бориш, баланд гардидани ҳарорат дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбони кураи Замин, хушк гардидани қабати болои замин ва намнокии ками он боиси ба амал омадани чангу ғубор дар сайёра мегардад. Чангу ғуборе, ки ба фазои мамлакат ворид мешавад, сабаби ифлосшавии ҳавои атмосфера мегардад. Ин моддаҳои муаллақ, яъне чанг аз заррачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5) иборат мебошанд, ки метавонанд муддатҳои дароз дар фазо боқӣ монанд. Чангу ғуборе, ки ба ҳаво паҳн мешавад, тавассути шамол ба мамлакати мо ворид мегарданд. 75 фоизи ба вуҷуд омадани чангу ғубор асосан аз ҳисоби омилҳои табиӣ буда, 25 фоизи он ба бориши кам, хушк шудани замин ва ба амал омадани шамолҳои сахт, сохтмон ва дигар равандҳои табиию саноатӣ марбут аст.
Дар як сол дар ҷаҳон аз ҳисоби техника ва корхонаҳои саноатӣ ба атмосфера беш аз 170 миллион тонна чангу ғубор меафтад, ки ба саломатии инсон, кишоварзӣ ва олами набототу ҳайвоноти сайёра таъсири манфӣ мерасонад. Ҳадди ақалл 25 фоизи партовҳои ҷаҳонии ғубор аз фаъолияти инсон ба амал меоянд ва дар баъзе минтақаҳо миқдори ғубори биёбон дар қарни 20 ду баробар афзоиш ёфтааст. Таъсири ин зуҳуротро назорат кардан душвор аст, зеро фаъолияти инсон дар як минтақа метавонад дар дигар минтақа тӯфони регу чангро ба вуҷуд орад.
Бо кадом роҳ метавон бо чангу ғубор мубориза бурд?
Роҳҳои пешгирии чангу ғубор сабзазоркунии маҳал, зиёд намудани ҷангалзор, гузаронидани корҳои агротехникӣ ва ташкили минтақаҳои муҳофизатӣ мебошанд, ки метавонанд миқдори чангу ғуборро кам ва иқлими муайян ё микроклиматро ба вуҷуд биёранд ва инчунин бояд чорво кам чаронида шавад.
Ба андешаи коршиносони соҳа, яке аз роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор ин зиёд намудани дарахтони паҳнбарг, ҳамешасабз, буттазор ва ҷангалзор мебошад. Дарахтони паҳнбарг, ки умрашон дароз ва қадашон баланд аст, ба мисли тӯс, сӯзанбаргҳо, ҷалғӯза, чинор, беду сафедор, булут, ки чангу ғуборро бештар ба худашон мегиранд, бояд дар тамоми минтақаҳои мамлакат шинонида шаванд. Инчунин майдони боғу токзорро мебояд васеъ намуд. Хусусан дар минтақаҳои ҷанубу ғарбии мамлакат, ки бештар чангу ғубор аз ин самтҳо ворид мегардад, бо мақсади кам кардани консентратсияи чанг бояд минтақаҳои муҳофизатӣ бо бунёди ҷангалзор ташкил карда шаванд.
Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид. Тибқи он дар марҳилаи якум- солҳои 2025-2027 беш аз 10 миллион ва то соли 2040 зиёда аз 2 миллиард бех ниҳолу бутта шинонида мешавад. Ин тадбири саривақтӣ ва оқилона имкон медиҳад, ки дар оянда Тоҷикистон ба яке аз мамлакатҳои «сабз» табдил дода шавад ва дар самти мубориза бо биёбоншавӣ ва чангу ғубор дар миқёси ҷаҳон қадамҳои муассир гузорад.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Эл-Нинё ва Ла-Ниня – ду ҳодисаи табиие, ки ба иқлими ҷаҳон таъсир мерасонанд
Ташаббуси Тоҷикистон дар СММ: масъулияти байнинаслӣ ҳамчун парадигмаи нави ҳуқуқи сулҳ. Андешаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба манфиат ва хусусияти табобатии хӯрокҳои миллӣ
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН: аз фарҳанги сулҳ то амнияти наслҳои оянда
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад






