ОБУ ҲАВО. Аз 9 то 11 январ дар бештари манотиқи Тоҷикистон сардшавии ҳаво дар назар аст

Январь 9, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 09.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 11 январ бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард аз самти аврупогии Федератсияи Россия дар бештари манотиқи Тоҷикистон сардшавии ҳаво дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии кишвар.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук 3 дарҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, борон шабона бошиддат борида, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм, рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.

Январь 9, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад