Пагоҳ Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Январь 30, 2023 15:33

ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 09:30 дар Агентии беҳдошти замин баргузор карда мешавад.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотиро соати 11:00 дар ин кумита доир менамояд.

Нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳал соати 14:00 дар Кумитаи рушди маҳал доир карда мешавад.

Агентии хоҷагии ҷангал соати 15:00 нишасти матбуотиро дар Агентии мазкур баргузор менамояд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

 

Январь 30, 2023 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд