«Паём — сарчашмаи маърифат ва зиндагии шоиста». Таҳти чунин унвон дар Хуҷанд конференсияи илмию назариявӣ доир шуд

Январь 18, 2023 09:48

ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Паём – сарчашмаи маърифат ва зиндагии шоиста», ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, вобаста ба аҳамияти бузурги стратегии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду такомули давлатдории миллӣ, пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, дастовардҳо дар самту соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, рушду такомули фарҳангу маънавиёт ва амсоли инҳо ибрози назар карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф.

Конференсия бо ибтикори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд баргузор шуда, иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Паём ва масъалаҳои рушди устувори Тоҷикистон», «Паём – башорат ба фардои дурахшон», «Паём ва масъалаҳои маърифатнокии ҷомеа» маърӯза намуданд.

Аз ҷумлаи нуктаҳои муҳиме, ки дар суханрониҳо вобаста ба соҳаи маориф баён гардид, ин буд, ки шурӯъ аз 1 июли соли 2023 ба андозаи 20 фоиз баланд гардидани музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати такмили заминаҳои маърифатнокии баланди ҷомеа, таъмини рушди бонизоми соҳаи маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон дар самти таълиму тадрис ба ҳисоб меравад.

Аз ҷумла, қабул гардидани «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» аз ҷумлаи тадбирҳои муҳиму саривақтиест, ки ба тарбия ва ба камол расонидани наслҳои бунёдкору созанда мусоидат менамояд.

АКС: филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд

Январь 18, 2023 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд