ПЕШГӮИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Дар Тоҷикистон рӯзҳои охири моҳи январ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад

Январь 25, 2023 14:41

ДУШАНБНЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои охири моҳи январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 29 январ дар ноҳияҳои доманакӯҳ бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво рӯзона дар мамлакат  то 8 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар шаҳри Душанбе аз 25 то 27 январ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳаво шабона то 4 дараҷа хунук ва  рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад.

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро дар ин рӯзҳо ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст. Танҳо 29 январ дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ
бориши сусти барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 6 дараҷа хунук, рӯзона то 9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. 29 январ дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши сусти борон ва
барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 7 дараҷа хунук, рӯзона то 10 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 10 дараҷа хунук ва рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин рӯзҳо вилояти Суғдро ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст. 29 январ дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 11 дараҷа хунук, рӯзона то 5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 16 дараҷа хунук ва рӯзона то 5 дараҷа хунук мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. 29 январ дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16 ва  рӯзона  5 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят шабона аз 25 то 34 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 18 дараҷа хунукшавӣ дар назар дошта шудааст.

АКС аз Dushanbe-travel

Январь 25, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд