РОҲБАРИ СММ БА «ИНҚИЛОБ» ДАР СОҲАИ МТЭ ДАЪВАТ НАМУД. Дар Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ бо истифодаи захираҳои обӣ истеҳсол мешавад

Январь 17, 2023 11:28

ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Истифодаи васеи неруи барқ  аз манбаъҳои таҷдидшаванда- роҳи ягонаи боэътимоди пешгирии офатҳои иқлимӣ мебошад. Дар ин бора рӯзи шанбеи 14 январ Дабири кулли СММ иброз дошта, нақшаи гузариши одилонаро ба манбаъҳои таҷдидшаванда*, ки аз панҷ банд иборат аст, пешниҳод кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хабарҳои СММ.

Манфиати ҷамъиятии глобалӣ

«Танҳо гузаштан ба манбаъҳои таҷдидшаванда имкон медиҳад ояндаи мо ҳифз шавад, холигоҳи дастрасӣ ба неруи барқ паси сар гардад, нархҳо мӯътадил ва амнияти энергетикӣ таъмин шавад»,- иброз дошт  Антониу Гутерриш дар паёми видеоии худ ба иштирокчиёни иҷлосияи 13-уми Ассамблеяи Агентии байналмилалии энергияи таҷдидшаванда. Форум рӯзи шанбе дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб кушода шуд.

Роҳбари СММ ҳушдор дод, ки ҷаҳон то ба ҳол аз вобастагӣ ба  сӯзишвории истихроҷшаванда ранҷ мекашад, ҳадафи нигоҳ доштани гармӣ дар ҳудуди 1,5 дараҷа тибқи ҷадвали Селсия аз ҳадди имкон берун меравад. «Агар сиёсати кунунӣ идома ёбад, гармшавии глобалӣ то охири аср ба 2,8 дараҷа мерасад. Оқибатҳои ин барнома харобиовар хоҳанд буд. Якчанд минтақаҳои сайёра барои зистан номувофиқ хоҳанд шуд. Барои бисёриҳо ин ба ҳукми қатл баробар аст»,-гуфт Антонио Гутерриш.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад, ки ҳама монеаҳои марбут ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар соҳаи технологияҳои энергияи таҷдидшаванда аз байн бардошта шаванд ва ин дониш моли ҷомеа эълон карда шавад. Ин яке аз нуктаҳои нақшаи пешниҳодкардаи роҳбари СММ мебошад.

Ӯ ҳамчунин тавсия медиҳад, ки дастрасӣ ба занҷирҳои таъминот бо ашёи хом ва ҷузъҳои технологияҳои таҷдидшаванда васеъ карда шавад.

«Ин имкон медиҳад, ки дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ миллионҳо ҷойҳои кори “сабз”, бахусус барои занон ва ҷавонон фароҳам оварда шаванд»,-зикр намуд ӯ.

Дар айни замон, хотиррасон намуд ӯ, энергия аз манбаъҳои таҷдидшаванда 30 дарсади эҳтиёҷоти ҷаҳониро ба неруи барқ ​​ таъмин мекунад. Ба гуфтаи Гутерриш, ин нишондиҳанда бояд то соли 2030 ду баробар афзоиш дода шуда, то миёнаҳои аср ба 90 дарсад расонида шавад.

Маблағ барои кумак ҷудо гардад!

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид кишварҳоро даъват мекунад, ки ба зудӣ тарҳҳои энергетикии устуворро амалӣ созанд, низоми энергетикиро навсозӣ кунанд ва барои маблағгузории ин гуна барномаҳо кумак намоянд. Вай зарурати аз сӯзишвории истихроҷшаванда ба энергияи тоза ва дастрас гузаштанро таъкид мекунад. Ҳамзамон Антониу Гутерриш бар ин назар аст, ки дар давраи гузариш бояд қишрҳои осебпазири аҳолӣ дастгирӣ карда шаванд.

Роҳбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод мекунад, ки ба энергияи таҷдидшаванда сармоягузорӣ карда шавад*. Вай чунин меҳисобад, ки ҳаҷми умумии сармоягузории хусусӣ ва давлатӣ бояд дар як сол то ба чаҳор триллион доллар расонида шавад.

Дабири кулл аз ҳама ҷонибҳо даъват кард, ки арзиши энергияро аз манбаъҳои таҷдидшаванда  коҳиш диҳанд ва ҳамчунин ҷараёни молиявиро ба кишварҳое, ки ба онҳо бештар ниёз доранд, равона созанд.

 «Энергияи сабз»* дар Тоҷикистон

Ҳоло, хотиррасон кард роҳбари СММ Антониу Гутерриш, энергия аз манбаъҳои таҷдидшаванда* 30 фоизи талаботи ҷаҳониро ба неруи барқ таъмин мекунад. Ба гуфтаи Гутерриш, ин нишондиҳанда бояд то соли 2030 ду баробар афзоиш ёфта, то миёнаҳои аср ба 90 дарсад расонида шавад.

Ёдовар мешавем, ки «дар Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқ ​​бо истифода аз захираҳои обӣ тавлид мешавад, кишвар аз рӯи фоизи тавлиди “энергияи сабз” дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар ин бора моҳи июли соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо бинокорони НБО «Роғун» гуфта буданд. Илова бар ин, ба таъкиди Пешвои миллат, Тоҷикистон аз ҷиҳати партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад. Сарвари давлат дар ин робита иброз намуданд, ки афзоиши истеҳсол ва истифодаи васеи «энергияи сабз»* яке аз самтҳои афзалиятноки рақобатпазирии иқтисоди кишвари мо маҳсуб мешавад.

ДАР АКС: Моҳи июни соли 2017 Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз кӯли Сарез дидан кард.

«Мо ният дорем, ки ин имконияти бузургро дар шароити тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ на танҳо ба манфиати худамон, балки ба манфиати Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ низ истифода барем. Дар ин росто мо барои зиёд намудани истеҳсоли неруи барқ ​​ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли он корҳои назаррас анҷом додем», — таъкид доштанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

____________

* «Энергияи сабз» энергияест, ки аз манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия (МТЭ) гирифта мешавад, ки дар миқёси инсонӣ тамомнашаванда маҳсуб мешаванд. Энергияи таҷдидшаванда аз захираҳои табиӣ, ба монанди ҷараёни об, нури Офтоб, шамол ба даст оварда мешавад.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 17, 2023 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад