РОБИТАҲОИ МУСТАҲКАМ БО АЪЗОИ ОИЛА ВА ҲУКУМАТ. Олимон роҳи одии беҳтар кардани саломатӣ ва ҳолати равониро ном бурданд

Январь 18, 2023 11:38

ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Донишгоҳи Кент (Британия) муайян карданд, ки робитаҳои мустаҳками иҷтимоӣ метавонанд саломатии ҷисмонӣ ва некӯаҳволии равониро беҳтар кунанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, натиҷаҳои пажӯҳиш дар маҷаллаи Ассотсиатсияи Амрико оид ба мусоидат ба рушди илм Science Advances нашр шудаанд.

Равоншиносон маълумоти беш аз 13 ҳазор нафарро аз 122 кишвари ҷаҳон, ки дар давраи карантин ҷамъоварӣ шудаанд, таҳлил карданд. Олимон бо ёрии пурсишҳо робитаҳои иҷтимоии одамонро бо оилаҳояшон ва дӯстонашон арзёбӣ карданд.

Олимон муайян карданд, ки одамоне, ки робитаҳои мустаҳками оилавӣ доштанд, дар вақти пандемия бештар дастони худро шуста, масофаи иҷтимоиро нигоҳ медоштанд ва ниқобҳои муҳофизатӣ мепӯшиданд.

Таҳқиқот инчунин нишон дод, ки робитаи мустаҳкам бо одамони наздик ва гурӯҳҳои васеъ (ба монанди ҳукумат) ба солимии равонӣ ва некӯаҳволии беҳтар алоқаманд аст. Аз ҳамаи пурсидашудагон танҳо 27% одамон бо оилаҳои худ робитаи мустаҳкам доштанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 18, 2023 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид