САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ — ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ. Соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 500 коргоҳ ва корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуданд

Январь 10, 2023 11:35

ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 500 коргоҳ ва корхонаи саноатӣ ба фаъолият шурӯъ карданд, ки ба афзоиши истеҳсоли саноатӣ дар соли 2022 мусоидат кард. Дар ин бора avesta.tj бо истинод ба хадамоти марбутаи бахши саноатии кишвар хабар додааст.

Иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар соли 2022 ба 43 миллиард сомонӣ мусоидат карданд. Гуфта мешавад, ки аз соли 2017 дар кишвар 1382 коргоҳ ва корхонаи саноатӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар ин давра номгўи маҳсулоти саноатии  ватанӣ 40 фоиз афзуд.

Хадамотҳои дахлдор иддао доранд, ки дар 30 соли охир 2,5 ҳазор иқтидори истеҳсолӣ таъсис дода шуда, шумораи онҳо дар соли 2022 ба 2,8 ҳазор расидааст. Гуфта мешавад, ки соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади тезонидани саноатикунонӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2021 солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шуд. Саноатикунонӣ — раванди ба вуҷуд овардани саноати ҳозиразамон ва ба соҳаи асосии иқтисодиёт табдил додани он мебошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 10, 2023 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид