Соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ созишнома ба имзо расониданд

Январь 26, 2023 14:18

ДУШАНБЕ, 26.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон байни ҶДММ «Зардолу ва К» ва ҶДММ  «Скиф Трейд», ҶДММ «Меваю сабзавот» ва ҶДММ «Lion Fruit», ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон» ва ҶДММ «Umay Agro Impex», ҶДММ «Агробиёхим» ва ҶДММ  «Скиф Трейд» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Созишномаҳо дар доираи сафари соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон ба вилояти Суғд ба имзо расонида шуданд.

Ҳамзамон дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд мулоқоти соҳибкорон ва кишоварзони вилоят бо соҳибкорони Қазоқистон доир гардид.

Дар мулоқот имконоти сармоягузорӣ, маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Суғд ва ҳаҷми содироти он ба меҳмонон муаррифӣ карда шуд.

Иброз гардид, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Қазоқистон серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар метавонанд барои содироти маҳсулоти полезӣ ва меваи хушку тар ҳамкорӣ ба роҳ монанд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо аз ҷониби доираҳои тиҷоратии ду кишвар имконоти тиҷорати мутақобила, ташкили содироти маҳсулоти дорои талабот дар бозорҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ карда шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 26, 2023 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»