Соли 2022 дар вилояти Хатлон 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2022 бо дастгири Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 760 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ин матлаб 10 январ зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2022, ки бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид, баён шуд.
Дар ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз як қатор раисон, муовинон ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар бораи сабабҳои ҷой доштани камбудиҳо дар ин шаҳру ноҳияҳо пурсон шуда, оид ба бартараф намудани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Мавсуф таъкид намуд, ки масъулин диқати хешро ҷиҳати иҷрои нақша, дурнамо, барномаҳои давлатӣ ва нишондиҳандаҳои соли 2023 равона намуда, ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гарданд.
Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки соли сипаригашта соҳибкорони вилоят дар 16 форуму намоишҳои тиҷоратӣ ширкат варзида, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ 84 шартномаю ёдоштҳои тафоҳумро ба маблағи беш аз 4,3 млрд. сомонӣ ба имзо расониданд.
Дар вилояти Хатлон бо мақсади амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои он «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2025» қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.
Дар асоси маълумоти оморӣ соли 2022 аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар 23,8 ҳазор тонна маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла 20 ҳазор тонна таввасути нақлиёт ва тайёра, 3819 тонна бо тариқи роҳи оҳан ба берун аз ҷумҳурӣ, ба давлатҳои Федератсияи Россия, Афғонистон, Узбекистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белорус содирот карда шуд.
Маҳсулотҳои содиротгардида асосан 6044 тонна сабзавот, аз ҷумла 4157 тонна пиёз, 330 тонна полезиҳо, 5038 тонна мевагиҳо ва лимон, 10863 тонна ангур ва 1528,3 тонна дигар маҳсулотро ташкил медиҳад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: шубаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод
Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд
Дурнамои ҳамкории дуҷонибаи вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб ба беш аз 5 миллиард сомонӣ расонида шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли обҳои ташнагишикан бунёд карда мешавад
Бонкҳо ва ташкилоти қарзии Тоҷикистон ба соҳибкорон беш аз 6,3 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд
Масоили таъсиси корхонаи истеҳсоли триоксиди сурма дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи дуюми Шурои миллии об баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе қабул ба «Школа 21» оғоз гардид
56 корхонаи коммуналии Тоҷикистон пурра ба низоми биллингӣ пайваст шудааст






