Соли 2022 муассисаҳои тандурустии Хатлон 25 намуди амалиёти нави ҷарроҳӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 18.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Табибони вилояти Хатлон соли 2022 25 намуд амалиёти нави ҷарроҳиеро, ки қаблан дар муассисаҳои тандурустии вилоят гузаронида намешуданд, ба роҳ монданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.
Яке аз ин намудҳо бо усули нави ҷарроҳии найчагузории маҷроҳои талхагузар, кистаҳои солитарии ҷигар, гурда ва узвҳои занона таҳти назорати дастгоҳи ташхисии фаросавтӣ дар Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда шуд. Дар беморхонаи мазкур инчунин амалиёти ҷарроҳии бурида гирифтани думи ғадуди зери меъда бо киста низ ба роҳ монда шудааст.
Дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар дар беморон бо ташхиси «тангшавии роҳҳои пешобрав» амалиёти ҷарроҳии «ретеропластикаи аугментатсионӣ» бо истифодаи пардаи луобии лунҷ, амалиёти ҷарроҳии «эхинококози шушҳо» бо усули торакоскопӣ тариқи видеоассистентӣ ва ҷарроҳии тармимӣ дар суфраи гӯш гузаронида шуданд.
Соли гузашта табибони Хатлон дар якчанд муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии вилоят усулҳои дигари ҷарроҳиро муваффақона гузарониданд, ки боси коҳиш ёфтани теъдоди беморони барои табобат ба берун аз кишвар мерафта ва муроҷиати шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати гузаштан аз ҷарроҳиҳои мураккаб ба муассисаҳои тандурустии мамлакат гардид.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 дар мамлакат 124 муассисаи тандурустӣ сохта шуданд, ки аз он 101 адад муассисаҳои КАТС, 16 адад муассисаҳои госпиталӣ ва 7 адад муассисаҳои хусусӣ буданд. Дар 65 муассисаи тандурустӣ — 51 муассисаҳои КАТС, 11 муассисаи госпиталӣ ва 3 муассисаи хусусӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин 404 муассиса (305 муассисаи КАТС ва 99 муассисаи госпиталӣ) аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар 179 муассисаҳои тандурустӣ (145 муассисаи КАТС, 28 муассисаи госпиталӣ ва 6 муассисаи хусусӣ) корҳои таъмирӣ идома доранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад






