Соли 2022 муассисаҳои тиббии Тоҷикистон бо 115 нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 115 нақлиёти ёрии таъҷилӣ, аз ҷумла 6 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 50 адад ба вилояти Хатлон, 28 адад ба вилояти Суғд, 12 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 16 адад ба шаҳри Душанбе ва 2 адад ба муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ дастрас гардид.
Дар ин хусус зимни ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2022, ки 5 январ дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доир гардид, хабар дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласа таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи тандурустиро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Тақдими нақлиётҳои ёрии таъҷилии мазкур низ идомаи тадбирандешиҳои мазкур арзёбӣ мегардад. Зеро онҳо барои расонидани кумаки саривақтӣ, таҳвили беморон ба беморхона ва марказҳои саломатӣ мусоидат мекунанд. Мошинҳо ба сокинони деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ки дар масофаҳои дур аз беморхонаҳо ва марказҳои ноҳиявӣ ҷойгиранд, хизмати босифат ва саривақтӣ мерасонанд.
Пешвои миллат дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат буда, он боигарии миллат маҳсуб мешавад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






