ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 январ, сешанбе, 24-умин рӯзи соли 2023 аст

Январь 24, 2023 08:00

24 январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

 24 январи соли 2014 дар шаҳри Душанбе вазъ  ва дурнамои ҳамкории мутақобиланд судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия муҳокима карда шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

24 ЯНВАР

Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии духтарон.

 РӮЙДОДҲО:

 24 январи соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 қабул гардид.

 ***

24 январи соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.

***

 24 январи соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бозии кушодашавии Ҷоми «Иттиҳод-2014» байни  дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ – 2:2 ба анҷом расид.

*** 

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳамаи қишрҳои  аҳолӣ ба имзо расид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

***

Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд.

Январь 24, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш