Тоҷикистон ва Корея масъалаи рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллиро муҳокима намуданд
ДУШАНБЕ, 14.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рушди иқтисоди рақамӣ ва рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рақамикунонии низоми банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ 12 январ дар Душанбе зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҳайати Дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар иттилоъ доданд.
Дар мулоқот дастовардҳои Тоҷикистон дар самти иқтисоди рақамӣ, сеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ муҳокима гардиданд.
«Инчунин Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба намояндагони KOICA муаррифӣ карда шуданд», — тазаккур доданд дар вазорат.
Ҳамчнин вобаста ба рушди соҳаи иқтисоди рақамӣ, таъсиси Маркази «Рақамикунонии низоми банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ» барои татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ҷорӣ намудани низоми муосири мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






