«ҲУКУМАТИ ТОЛИБОНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ». Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон вобаста ба барканорияш посух гуфт
ДУШАНБЕ, 05.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хабари барканории сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро расонаҳои хориҷӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ қасдан паҳн мекунанд. Дар ин бора дипломат зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошта, гуфт, ки намояндагии дипломатӣ дар ҳудуди ҷумҳурие воқеъ аст, ки ҳукумати нави Кобулро расман эътироф накардааст.
«Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омадани толибон изҳор намуд, ки ин гурӯҳ (ҳаракати «Толибон»* — Тавзеҳи АМИТ «Ховар) ва вазири корҳои хориҷии он Муттақиро низ эътироф намекунад. Кори мо идома дорад»,-таъкид намуд ӯ.
Қаблан бахши форсии The Independent хабар дода буд, ки Зоҳир Ағбар бо фармони вазири корҳои хориҷии «Толибон»* Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ аз мақоми сафири Афғонистон дар Тоҷикистон барканор шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, фармон 27 ноябри соли 2022 ба имзо расидааст.
Сафири феълии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар мусоҳиба ба АИ «Азия-Плюс» хабари барканориаш ва таъйини сафири навро рад карда, гуфт, ки сафорат аз толибон ягон дастур нагирифтааст.
__________________
* «Толибон»-ҳаракати террористӣ, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






