Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қабули аризаи шаҳрвандон дар бораи ҷиноятро ба таври электронӣ ба роҳ монд

Январь 4, 2023 10:39

ДУШАНБЕ, 04.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия дар марҳилаи аввал дар ҳудуди шаҳри Душанбе Барномаи қабули электронии аризаи шаҳрвандон дар бораи ҷиноят амалӣ  карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Шаҳрвандони шаҳри Душанбе метавонанд аризаҳои худро ба мақомоти корҳои дохилӣ ирсол намуда, раванди баррасии онҳоро назорат намоянд.

Маълумоти иловагиро дар бораи истифодаи барномаи мазкур тариқи рақами содаи 1900 ё  ariza.vkd.tj дастрас намудан мумкин аст.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти қабули электронии аризаи шаҳрвандон  аз навгониҳои хизматии милитсия ба аҳолист, ки дар доираи «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» роҳандозӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025»  қабул гардидааст. Мақсади асосии ислоҳоти милитсияро ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имконияти аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода шавад.

Маҳз бо дастгирии аҳолӣ, зиёиёну равшанфикрон, аҳли ҷамоат, намояндагони маориф, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, бахусус донишҷӯён метавонем бо падидаҳои номатлуби ҷомеа, ки имрӯз моро ба ташвиш овардаанд, мубориза барем.

Акс: ВКД ҶТ

Январь 4, 2023 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад