Завқӣ Завқизода: «Рушди миёнасолонаи иқтисодиёти мамлакат соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид»
ДУШАНБЕ, 05.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи 7,3 фоиз ва дар соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 71 млрд сомонии соли 2018 то 115 млрд сомонӣ дар соли 2022 ё 1,6 баробар расонида шуд. Ин нуктаро Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода зимни ҷамъомад вобаста ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар изҳор намуд.
Таъкид гардид, ки дар Паём ба вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди иқтисодии устувори кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ вазифаҳо гузошта шудаанд.
Вобаста ба ин роҳбарият ва тамоми кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он бо масъулияти баланд тасмим гирифтанд, ки Паёми Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии нақшаи чорабиниҳои он чораҷӯӣ намоянд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат дар самтҳои рушди бахши воқеӣ, савдо, соҳаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Паём ибрози андеша намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






