30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Зиёда аз 2000 нафар хонандагон аз қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Душанбе дидан намуданд

Февраль 20, 2023 13:17

ДУШАНБЕ, 20.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 2000 нафар хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани боздид (экскурсия)- иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии  таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон ҷиҳати тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ баъди хатми муассисаи таълимӣ мебошад.

Ин амал ба баланд бардоштани рўҳияи наврасону ҷавонон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, шиносоӣ пайдо намудан бо шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, хосатан пешгирии наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсии онҳо равона гардидааст.

Зимни боздид (экскурсия) хонандагон бо дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, имконияту шароити сарбозону афсарон ва яроқу аслиҳаи низомӣ шинос гардида, ҳамзамон байни ҷавонони синни даъватӣ ва сарбозон мусобиқаҳои варзишии дӯстона баргузор карда шуданд.

Иқдоми мазкур минбаъд низ идома меёбад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Февраль 20, 2023 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид